Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Боре дар умраш номи ӯро ба забон набурда буд.
Чизе дар гулӯяш дармонда, роҳи нафасашро танг карда буд. Даст ёзонида, гулӯяшро, сандуқи синаашро молиш дод ва аз дил гузаронид, ки бояд аз ҳарвақта бештар ҳушёр шуд.
Саидбек чашмонашро пӯшида, ором нафас гирифт.
– Сангинуф, танобро бигиред, – овози Нур баланд шуд ва Саидбек чашм кушода, дар болои сар таноби бар чӯби дароз печидаеро дид.
Дар боло Саидбекро табларза гирифт.
– Ма, биргад, бинӯш.
Ба димоғаш бӯи тези спирт зад. Нур дар пеши манаҳаш сарпӯши термосро медошт.
Ӯ ҷуръае спирт ошомид. Пилтаи чароғ барин оташи дарозрӯе ба ҳалқаш ҷорӣ шуда, рафт. Вай нахустин бор спирт менӯшид. Дар паҳлӯяш рӯймоли миёнбанди Нур паҳн карда шуда буд. Дар рӯи он ду-се дона помидор, як пора гӯшти яхнӣ ва буридае нони бӯлка мехобид. Саидбек якто помидорро гирифта газид. Ларзаи дилаш қатъ гардид.
– Сардор, овози мана шунидӣ? – пурсид Нур.
– Ҳа, сулфа кардӣ.
– Не, ҳозир не, шабона.
– Шабона? Ин ту будӣ? Суруд мехондӣ, а?
– Суруд не: Ҳамту овоз баровардам.
– Рост, чизе ба гӯшам расида буд.
– Чӣ тавр?
– Ҳамин тавр.
– Ягон далел... ягон чизе доштӣ?
– Намедонам... Сонӣ гулхан даргирондам. Дидӣ?
Саидбек барои хотири рафиқаш мехост бигӯяд, ки ҳа, партави гулханашро дидааст. Аммо ҳанӯз лаб ба сухан накушода, Нур аз паҳлӯяш бархоста, ба боло, ба паси буттаҳои ангату дӯлона рафт. Дарди зонуи чап пасанда намешуд. Саидбек мӯзаро кашида, пои шимашро барзад.
Зонуяш варам карда буд. Варам ранги нофармоне дошт.
Устухон аз дарун лат хӯрдааст, зоҳиран. Саидбек ба кафаш аз термоси Нур спирт рехта, ба зонуяш молид.
Ба ҳар ҳол ки бошад, ба Сочак меравам, гуфт дар дилаш.

пешина
аз 248
навбатӣ