Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳ И К О Я Ҳ О
ХИЁБОНИ НОДИР

Барои Абдуқодир Маниёзов

Абдувоҳид-амак баробари тулӯи офтоб бедор шуда, дарҳол роҳи чойхонаи деҳаро пеш мегирад.
Аввал хиёбони барҳавои тӯлонии сафедоронро тай кардан лозим меояд. Гарчи аз тарафи рост пиёдагарди ҳамворе сохтаанд, мӯйсафед аз мобайни кӯчаи мумфарш меравад.
Дар ин соат аз мошинаҳои серғавғо ҳанӯз дараке нест ва ӯ бӯи пудинаи саҳроиро, ки ба хаёлаш, дар сар то сари водӣ паҳн шудааст, бо рағбат ба димоғ кашида, лангон-лангон роҳ мепаймояд.
Сафедорон аз ду тараф мисли сарбозони баландболои таҳамтан саф кашидаанд. Абдувоҳид-амак гоҳ-гоҳ аз роҳ бозмонда, ба сафи рости дарахтони мавзун, ба танаи сафеди онон, ки ба атроф гӯё нур мепошанд, чашм медӯзад ва аз назми ин раста, аз ҳусни он ҳаловат мебарад.
Баъзан мисли он ки бо ошноҳои худ сӯҳбат мекарда бошад, зери лаб мегӯяд:
– Хушрӯед, сафедорон... Чаро ки сарбаландед...
боғуруред.
Пас чашмонашро нимкоф карда, ба осмон менигарад, боз ба дарахтон муроҷиат мекунад:
– Офарин, сафедорон...
Аз саргаҳи водӣ, аз он сӯе ки қуллаҳои барфин воқеъ гаштаанд, насиме мевазад ва баргҳои аз як тараф сабзи ҷилодор ва аз тарафи дигар пахтасон сафеди дарахтон аҳлона чапак мезананд ва ин дам ба гӯши пнрамард гӯё ҷавоби онҳо мерасад, ки пичирросзанон мегӯянд:
– Фахри мо, амак, аз ростиамон, – арз мекунад яке.
– Баланд шудаем, ки ҳар чи дуртар назар андозем, – мегӯяд дигаре. – Бингаред, амак, ҳо ана дарё равон аст. Ҳатто мавҷҳои нуқрагунаш намудоранд.
– Ҳа рост, дарё равон аст, – тасдиқ мекунад Абдувоҳидамак ва ба роҳаш давом менамояд. Ҳангоми роҳгардӣ пои сунъии аз чӯбу чарму тасмаҳои ялаққосии пӯлодӣ сохташудааш ғиҷиррос мезанад ва ӯ шибир-шибири сафедоронро шунида наметавонад.

пешина
аз 248
навбатӣ