Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Пас аз чанде бозистода, нафас рост мекунад ва ба ҳар ду самти хиёбон гӯш медиҳад.
– Аз ҳавои баландиҳо нафас гирифтан гуворост, – пичиррос мезанад боз як сафедори дигар.
– Аз ин ҷо суруди мурғон хуб шунида мешавад, – илова мекунад ҳамшафати вай.
Хиёбони сафедорон пештар, айёме ки ҳар ду ҷавон буданд, барои Абдувоҳид-амак фақат пораи манзараи зодгоҳ буду бас. Акнун, дар пиронсолӣ гӯё як ҷузъи рӯзгори худаш шудааст. Ҷузъи дилкаш ва дилкушо. Дилкаш на фақат аз он сабаб, ки вай дар умри дарози худ басе кишварҳоро дида, дар ҳеҷ кадом шаҳр ё деҳа хиёбонеро ба ин нафосат надидааст. Хоҳ вай растаи сарву санавбар бошад, хоҳ шамшоду арар. Сабабҳои дигар ҳам ҳастанд, бешак. Вагарна одам ҳар кадар пир, ҳар кадар хаёлӣ шуда бошад ҳам, беҳуда бо дарахтон сӯҳбат намекунад.
Бист-биступанҷ сол қабл ҳар дафъае ки гузори Абдувоҳнд-амак ба ин хиёбон меафтод, он рӯзи сармогини феврали соли 1944, сафари пурмеҳнати ба деҳа кардаи худро ҳатман ба ёд меовард. Бо мурури замон воқеаҳои нав рӯй медоданду барои тоза кардани ёди он рӯзгори дур сабабе ё сабабгоре лозим мешуд.
Дина ҳамин гуна сабаб пайдо шуд. Дар чойхона байни гурӯҳе дар бораи сохтани магазини калони дуошёна дар ин мавзеъ ким-чӣ гуна қарореро мехонданд. Дар ҳамон қарор ин маҳал хиёбони Абдувоҳид номида шуда буд.
Пирамард дар маъракаю маросимҳо, дар мавридҳои муносиб сад бор гуфтааст, илтимос кардааст, ки ин хиёбонро зинҳор ба номи ӯ ҳамл накунанд. Хнёбони Абдувоҳид-ака, ё Абдувоҳид-амак нагӯянд. Чаро ки бунёдгари хиёбон марҳум Нодир аст, соҳиби номаш ҳам бояд вай бошад. Пояи ҳар кору кирдор дар олам бояд, охир, инсоф бошад...
Дар афсонаҳо нақл мекарданд, ки ҷавоне ба ҷустуҷӯн
бахти худ ба кишварҳои дур мераваду солҳои дароз овораю
дарбадар мегардад. Падару модари бечора дар фироқи ӯ ғам хӯрда, заифу оҷиз мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё