Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Бечора ҷавонмард бар иловаи ду маротиба аз тири туфангу пораи мина ярадор шудан аз садамаи асаб ҳар дам забонаш мегирифт. Ба ихтиёри худ гап занад, нутқаш нисбатан ором буд. Аммо вақти ҷавоб додан ба саволе ё аз сабабе ба изтироб афтодан забонаш мегирифт ва нисфи ягон калима дар даҳонаш мемонду аз дилтангӣ сар меафшонид, дастонашро дар ҳаво такон медод, гоҳо бо ғазаб пой мекӯфт, гӯё бо ин ҳаракатҳо забони саркаши худро ба кор андохтан мехост.
Зимистони сахттарин дар шимоли Тоҷикистон зимистони ҳамон соли чиҳилучаҳорум буд. Барф болои барф борида, қабати он дар саҳро ба андозае ғафс шуда буд, ки кас то ба зону фурӯ мерафт. Шабона об то як ваҷаб ях мебаст ва рӯзона офтоб аз паси абрҳо як-дусоатӣ рух намояд ҳам, шасти сарморо паст карда наметавонист.
Аспи лоғари кайҳо боз емнахӯрда аз кӯчаи лағжонак бо машаққате роҳ мепаймуд.
– Наҳ-наълаш нав. Худо хоҳад, дар йак соат мерасем, – тасаллиомез мегуфт Саидмурод.
Лекин сафар беғашу беғам нагузашт. Поёнтар аз осиёб, ҳо ана дар он ҷо, дар саргаҳи хиёбони сафедорон роҳро об пахш карда буд. Наҳраки паҳлуи роҳ шабҳо ях баста, рӯзи дигар обаш аз болои қабати ях ҷорӣ мешуд.
Шаби оянда оби болои ях боз ях баста, рӯзи минбаъда об боз ним метр болотар мебаромад. Ба ҳамин минвол сатҳи наҳр ба кӯча баробар шуда, як қитъаи калони он яхбанд шуда буд.
Асп дар миёнаи кӯли яхбастаи сунъӣ аз пой афтод. Саидмурод поён фаромад. Дар ҳар қадам гузоштани ӯ яхпораҳои ғафси тезқирра дар атрофи мӯзаҳои пуробаш шақаррос мезаданд. Абдувоҳид-ака ҳам ночор фаромад. Ӯ мехост худро болои яхи бутуни канори роҳ бигирад, аммо пои чӯбини нӯктезаш бо вазни пайкар яхро бишкаст ва ӯ то миён тар шуд.
Ягон-ягон роҳгузарони пиёда ва харакӣ аз дур, аз миёни замини пахта гузашта мерафтанд. Аспи аз шоту баровардашуда дир-дир меларзид ва ба атроф гӯё бо назари авфталабона ва имдодҷӯёна менигарист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё