Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ин сафедорон он вақт навниҳол буданд. Навдаҳои бараҳнаи онон дар шамоли сард ба ҳам расида, шиқиррос мезаданд, аз сармои ноозмуди тоқатфарсо шиква мекарданд.


Абдувохид-ака дар хонаи Саидмурод сарулибоси тарашро хушк карда, ҳар ду ба боғи ӯ равон шуданд. Саидмурод ӯро ба асп савор карда, худ аз паҳлуяш пиёда меомад. Бо як пои чӯбин рӯи зини беузангуи аробагӣ нишастан чандон бароҳат набуд, лекин аз пиёда лангидан ба ҳар ҳол беҳтар буд.
Аробаи нисфи поруяш рехта дар ҳамон ҷой, мобайни кӯча монд. Ҷавони раҳмдил, одамдӯст будааст ин Саидмурод. Айёми мактабхониаш бачаҳо ӯро бисёр меранҷониданд. Олами бачагӣ қонунҳои хос дорад, яқин. Мудохилаи калонсолон хам аксаран натиҷае намебахшад. Ҳалимтар аз ӯ пнсаре набуд, аммо ҷӯраҳо барои соддадилиаш – гӯё ин гуноҳ бошад, – дар пайи озори ӯ буданд. Ҳатто барои номи падар, ки Тешабой буд, Сандмурод таъна мешунид.
Тешабой риш надорад. Деволи мачит хишт надорад.
Фарёдкунон масхара медоштанд ӯро. Вай ҳам озордиҳандагонашро сур мекард, аз сангу кулӯху чӯбу чахс ҳар чиз ба дасташ расид, аз паси онҳо меғурронид.
Писари калонии Абдувоҳид-ака ба ӯ аз хама бештар мечақид. Аммо имрӯз пагоҳӣ ҳангоми мулоқот дар канори шаҳр Саидмурод ба ёди ӯ хеле ашк рехт. Риштаҳое ки рӯзгор аз дил ба дил мекашад, бо мурури солҳо, зоҳиран, сифатан ҳам тағир меёбанд.
Абдувоҳид-ака аз асп фаромада, ҳанӯз аз дур калидро ба даст гирифта, ба дари ҳавлӣ наздик шуд. Аммо ба ҷои қуфл ба ҳалқаҳои дар як порча сими зангзадаеро печонида буданд. Вай баробари ворид шудан аз дар ба таги айвон нигоҳ кард. Оре, гумонаш рост баромад. Аз болорҳо нишоне набуд. Фақат якта шаҳпул монда буд, ки усто онро хуб тарошида, дар мобайн, дар он ҷое ки бар болои сутун савор мекунанд ва дар ду канораш нақшу кунгураҳо бароварда буд. Ҳатто сутуни шашқирраи тайёрро ҳам дуздидаанд ноинсофон.

пешина
аз 248
навбатӣ