Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
– Дамаш тез, вазни худаш катӣ ба хоки мулоим даромада меравад. Сонӣ оҳиста хоки ҷӯяро боло мекашед. Ин қадар зӯр задан, оҳу уҳ кардан ҳоҷат не. Мегуфтанд, ки ҳафт пушт гузарад ҳам, фарзанди деҳқон – боз деҳқон. Панҷаи шумо ба каланддаста намечаспад-ку! Ба мурвату гилдиракҳои заводатон бутун дил бастед-дия...
– Айби завод не, ҷӯра, айби худам, – хиҷолатмандона мегуфт Абдувоҳид-ака.
Вай пас аз ташкил шудани колхоз ва як навъ қомат рост кардани он ба касбу кори худ – устогии заводи чарм баргашта буд. Ҳар пагоҳӣ харакӣ ба шаҳр рафта, бегоҳӣ бармегашт.
Абдувоҳид-ака сурфаи сахт ва бадарди Нодирро дида гӯё ҷони худаш ба азоб афтода бошад, рӯй турш менамуд. Чӣ хел йигити ҳузарб буд ӯ. Ҳоло аз он исту бисти пештара ақаллан нимаш намондааст.
Соҳибаи хона як табақ лаблабуи буғӣ оварда, рӯи дастурхон гузошт.
– Айб намекунед, – гуфт зан ва беихтиёр оҳ кашид. Абдувоҳид-ака чизе шукромез гуфтан мехост, вале нохост роҳи нафасаш танг шуд ва ӯ хомӯшона сар ҷунбонид. Хуб шуд, ки дар ин асно Саидмурод омада, аз кодоки поён нишаст.
– Бел карда шудӣ? – пурсид Нодир.
– Ш-шудам.
– Бар падарат раҳмат, ука. Гир, ука, нон гир, лаб-лабу гир... Ҳа, аробаатро дидам. Ғам нахӯр, пагоҳ саҳарӣ мебарорем. Зӯри асп нарасад, одам ҳаст. – Пас ба Абдувоҳид-ака рӯй овард: – Аспҳо се сол боз коҳ мехӯранд. Барои юнучқа замин намонд. Ҳеҷ шунида будед, ки аспа коҳ катӣ парво кунанд?
Абдувоҳид-ака якта лаблабуро пӯст канда, ба назди Нодир монд ва яктои дигарро худаш тоза ва қалам карда хӯрд...
– Бевақт шуд. Акнун равам, – гуфт ӯ.
– Андак бардошт кунед, ака, – гуфт Нодир. – Саидмурод, додарам, ба хонаи мо бирав. Ба янгаат таом фармуда будам.
Тайёр шудагист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё