Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Абдувоҳид-ака аз пешгоҳ менишасту зери лаб ба худ заҳрханда мекард: рӯзҳое ки ҳар ду пояш бутун буд, дар нимаи кодок ҷой гирифта метавонист. Акнун якпоя шудаасту ба ду кодок базӯр мегунҷад: ба яктоаш худаш нишаста, ба кодоки паҳлӯӣ пои чӯбинашро дароз мекунад, ки илоҷи қат карданаш нест.
Писараки соҳиби хона дастурхон паҳн карда, ду нони ҷавин, ба лаъличаи алюминӣ талқони тутмавиз овард. Чой, зоҳиран, аз пӯстлохи дарахти себ ранги сабз гирифта буд, ки таъми тахиртобе дошт.
Аз берун сурфаи башиддати марде шунида шуд. – Канӣ меҳмон? Меҳмонро нишон диҳед ба ман!. бо оҳанги қадаре шӯхиомез сурфакунон мегуфт мард. Ин овози бародари соҳибаи хона Нодири бригадир буд. Вай Абдувоҳид-акаро аз ҷой бархостан намонда, худ ба зону нишаста, бо дасти ягонааш оғӯш намуд.
Ин ҳам нимта шудааст, берӯзӣ, аз дил гузаронпд Абдувоҳид-ака. Худоё, ҳар куҷо нанигарӣ – маъюбу малуле, шикаставу дардманде...
Нодир аз паҳлӯи ӯ нишаста, ҳолпурсӣ мекард. Ҳар замон китфи чапи бедасташро боло кашида, гиребони гимнастёркаи рангпарида ва нимтанаи пахтагинашро дуруст мекард.
Дар воқеъ бошад, гиребонаш ҳамвор меистод, аммо ба назари ӯ, зоҳиран, чунин менамуд, ки либосаш яктарафа шудааст.
Нони ҷав ба ком мехалид, ба милки дандонҳо сахт мерасид, гулӯро мехарошид. Аз он бӯи коҳ ва гил меомад. Абдувоҳид-ака кӯшиш мекард, ки буридаи ба даст гирифтаашро хӯрда тамом кунад. Нони ҷавро ӯ бори охирин айёми кӯдакӣ, кадом як соли қаҳтӣ хӯрда буд ва бештар аз қиссаҳои ғамангези рӯзгорони ота – бобояш дар ёд дошт.
Ҳоло ба андоми Нодир нигоҳ карда, ба хотир меовард, ки ӯ чӣ гуна бақувват ва девкор буд. Бегоҳирӯзиҳо аз давуғеҷи худ фориғ шуда, ба нигоҳубини полези Абдувоҳид-ака ёрӣ медод. Дар ҳаққи «деҳқонии шаҳриёнаи» ӯ кинояҳо гуфта, ба ӯ кор меомӯхт.
– Каланда ана ин ту озод партоед, – мегуфт ӯ ба ҳамсояаш.

пешина
аз 248
навбатӣ