Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳамин хислати домоди нав дар рӯзгор низ дар ҳар маврид намоён мешуд.
Чунин ба назар мерасид, ки вайрон шудани ягон ҷои водопровод ё оташдони газ ё чизи дигар гӯё боиси хушҳолии ӯ мегардид. Ба ҷои он ки аз пайдо шудани ташвиши тозае норозӣ гардад, ӯ худ ба худ: «Ҳеҷ воқеа не. Ҳоло мебинем, ҳозир соз мекунем» гӯён дасту остин бармезад ва қуттии дабанги дастаноки пур аз ҳар гуна калид, симу ғалтаку мурват ва лақулуқи фулузиашро бардошта, ба ҷои кор мешитобид.
4 Сунбула омад. Вай аз шогирдони Наққош аст ва се шаб боз ихтиёрӣ ин ҷо мемонад. Рӯзона дар институт мехонад, шабона дар палатае, ки бемори вазнинашон он ҷост, ба ҷои ҳамшираи шафқат хизмат мекунад ва вазифаи ёрдамчии духтур Наққошро адо менамояд.
Рӯзи дуввуми ба ин ҷо оварда ва ба палатаи секаса хобонида шудани Шоҳида ҳамшираи палата Наққошро бо телефон ҷеғ зад. Наққош омада, дар дасти ӯ шишачаеро дид, ки пур аз таблеткаҳои сафеди хобовар буд. Ҳамшира арз намуд, ки ӯ мувофиқи таъиноти духтур ҳар як ҳаракати зани беморро номаълум таъқиб мекард. Бо вуҷуди он Шоҳида дами хилват шудани палатаро дарёфта, ҳамин шишачаро аз таги куртааш бароварда, ба сӯрохи бистари пахтагин пинҳон кард.
Аз куҷо пайдо шудани онро фақат худо медонаду худаш, мегуфт ҳамшира. Охир, беморонро ҳанӯз дар қабулхона бараҳна карда, чунон бо диққат аз назар мегузаронанд, ки як дона арзанро руст карда наметавонанд. Чизҳое ки аз берун ба маризон меоянд, ҳамчунин аз тафтиш мегузаранд. Агар духтур ба бемор истеъмоли доруи хобро фармояд, онро ҳамшира ҳар дафъа дар пеши чашми худаш мехӯронаду баъд бо хотири ҷамъ аз пайи дигар кор меравад, то ки имконияти ғун кардани дору истисно бошад. Худоё, макру ҳилаи одамизод ҳадду ҳудуд надорад?..
Духтур Сунбуларо ба кабинети ординатура ҷеғ зада гуфт:
– Аз рӯи таъмаш нембуталро монанд аст ин дору. Дар таки дар мошин истодааст. Ана ҳамин шишачаро ба дорухона мебаред.

пешина
аз 248
навбатӣ