Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ман ба мудираш телефон кардам. Айнан ҳамин хел таблеткаҳо сохта медиҳад. Фаҳмо?
– Фаҳмо, муаллим.
То даме ки шишачаи доруи хоб дар кӯчаҳои шаҳр, пас даст ба дасти ходимони дорухона сайр менамуд, Наққош бо Шоҳида дар кабинети ординатура сӯҳбат мекард. Ниҳоят, шишачаро дар ҷои худаш гузоштанд, лекин акнун вай фақат ду дона доруи хоб дошт. Дигар таблеткаҳояш бо вуҷуди айнияти томи зоҳирӣ бо доруи хоб танҳо сурати безарар ва бетаъсири он буданду бас.
Ҳамаи шаби гузашта на духтур, на Сунбула ва на дигарон мижа таҳ накарданд. Худи бемор бошад, шаб то саҳар паҳлу мегашт, оҳ мекашид, гоҳо фиқ-фиқ мегирист.
Саҳарӣ ӯ духтурро бесаброна интизор буд. Баробари ба палата ворид шудани Наққош, ҳанӯз вай назди кати ӯ нарасида, илтимос кард, ки бачаҳояшро ба наздаш биоваранд.
Духтур иҷозат надод. Мулоқот бо аъзоёни оила ва ёру дӯсту хешу табор фақат рӯзи истироҳат таъин шудааст. Барои Шоҳида аз қоида истисно кардан маъное надорад. Зарурат ҳам.
Баъди пешин Шоҳида гирякунон илтиҷо мекард, ки агар бачаҳояшро ба наздаш нагузоранд, сурати онҳоро аз хона биоваранд.
Шавҳараш Вакил, ки дар бадали чанд рӯзи охир аз атрофи табобатхона дур намешуд ва шабҳоро дар хоначаи пирамарди лифтбон мегузаронид, дарҳол рафта як даста сурат овард. Шоҳида аз байни суратҳо калонтаринашро хоста гирифт. Дар сурат зану шавҳар ва дар мобайни онон се писарашон акс ёфта буданд. Писараки хурдӣ, ки он вақт, зоҳиран, ҳатто сарашро рост дошта наметавонист, дар бағали модар буд.
Шоҳида он паҳлуи суратро, ки шавҳараш акс ёфта буд, қат кард ва аз афти кор, барои рост ва ҳамвор дарронида партофтан ҷои қаткардаашро бо пушти нохун молид. Аммо муддате ба хаёл рафта, аз раъяш баргашт. Сурати ба шакли китоби нимкушод қатшударо рӯи сандуқчаи чизмонак гузошт. Акнун акси писаронаш ба Шоҳида ва сурати шавҳараш ба девори палата менигарист.

пешина
аз 248
навбатӣ