Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шоҳида гӯё бо фарзандонаш видоъ мекард. Аз феълу атвори ӯ ҳар дақиқа ба духтур арз мекарданд. Ӯ рӯи кат рӯболо мехобид, ғарқи хаёл буд. Яқин, қарор додааст, ки баробари ҳама хоб кунад, то касе аз чизе шубҳа набарад.
Вай амин аст, ки аз нияти шуми ӯ касе огоҳ нест, аз шишаяки пури доруи ӯ касе хабар надорад. Амин аст, ки ҳар се бемори ин палата имшаб баробар ба хоб мераванд, вале яктаи онон дигар ҳеҷ гоҳ бедор нахоҳад шуд. Сад афсӯс, сад дареғ, ки писаракони нозанинаш бе навозиши модар, бепарастор мемонанд. Аммо чӣ илоҷ, ки зиндагиро барои ӯ ҳаром кардаанд.
Хайр, ҳеҷ воқеае не. Бачаҳо калон мешаванд ва ягон вақт аз падари фосиқи худ ҷавоб металабанд, ки чаро модарашон ба ин тариқа аз олам бирафт ва ҳамин ки асли воқеаро фаҳмиданд, ба ҳафтод пушти он марди бевафо лаънат мехонанд.
Шоҳида ним истакон чойи ширинро рӯи сандуқак тайёр карда мондааст. Ҳамин ки чароғи палатаро хомӯш карданд, таблеткаҳоро ба кафаш мерезаду бо чой фурӯ мебарад. Агар баногоҳ дар дилаш хоҳиши рафънопазире пайдо намешуд, ки фарзандони дилбандашро бори охирин бубинад, ӯ ин корро динашаб мекард ва ҳоло аз шиканҷаи рӯҳу ҷон озод буд. Дар ин ҷои тааҷҷуб ҳам нест. Борҳо шудааст, ки савқи модарӣ, эҳсоси модарӣ соати ин қабил иқдомҳоро ба таъхир андохтааст.

5 Наққош ба Сунбула гуфт, ки берун мебарояд, дар ҳавои тоза каме сайр мекунад.
Дар майдончаи байни ошёнаҳои дуввуму саввум як гурӯҳ беморони тамокукаш рост истода сӯҳбат мекарданд. Ҳарчанд духтурон дар дасти ин тоифа сигору папирос намебинанд, ҳавои бадбӯю вайрони қафаси сина худ ба забони ҳол мегӯяд, ки онҳо ин ҷо бо чӣ коре машғуланд.
Ҳамадон низ ин ҷо буд ва рӯй ба сӯи девор меистод.
Воқеан, Наққош ҷавони жӯлидамӯи файласуфмонандро, ки дар ҳар диданаш ба ӯ як силсила маълумоти аҷибу ғариби аз рӯзномаю маҷаллаю тақвимҳои деворӣ азёдкардаашро мегӯяд, худ ба худ Ҳамадон меномад.

пешина
аз 248
навбатӣ