Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баъд ҳамаи вақти худро сарф намуда, схемаи мушакҳои кайҳоннавардро мекашид. Схема аз ҳазорон деталҳои нозуку дақиқ иборат буд.Лекин худи он шахс як умр ошпази ресторан буд ва бо техникаи фалакпаймо, бешубҳа, сарукоре надошт.
Ба рӯбоҳбозиҳои мудири шӯъба аҳамият надода, хок ба сараш, гуфта гаштан мумкин. Лекин ба ҳоли дардмандон дили кас месӯзад. Радикулит ё шакли сабуки астения бошад, мудири мӯҳтарам як бало карда, муолиҷа месозад. Вале Ҳамадон барин маризон барои ӯ чормағзи дандоншикананд.
Хосиятхон нақл мекунад, ки ҳамин гуна якта духтур дар поликлиникаи назди табобатхонаи онҳо кор мекунад. Духтури дандон. Рӯзе нест, ки ранҷурон аз кори ҳаромаш ба сардухтур шикоят набаранд. Гӯё каллапазеро дар дӯкони ҷавоҳирот нишонида бошанд. Ҳамин ки сардухтур дар ҳаққаш чорае диданӣ шуд, «Дод, бедод!» гуфта, ба вазорати ҳифзи сиҳат ва ҳатто идораҳои аз он болотар медавад.
– Ҳафт бача дорам! Бисту панҷ сол ин ҷониб барои саломатии халқ ранҷ мекашам! – даъво мекунад ӯ.
Рост, ҳафт бача дорад. Бисту панҷ сол боз ранҷ мекашад.
Аммо аз ранҷи ӯ ба дарди мардум давое намерасад. Имрӯз, фаразан, бо пармачаи мошини дандон лунҷи якеро сӯрох кунад, фардо милки дигареро хуншор месозад. Ҳодисаҳои ба ҷои дандони иллатнок шартошурт канда партофтани дандони сиҳат бошад, сону шумор надорад.
Акнун ҳисоб кунед, мегӯяд Хосиятхон. То ба нафақа баромаданаш он зоти нодир бояд боз ҳафт сол кор кунад. Дар як сол сесаду даҳ рӯзи кор ҳаст (духтурон рӯзҳои шанбе ҳам кор мекунанд). Агар рӯзе аз даҳ-дувоздаҳ бемори қабулкардааш ақаллан дандони се касро хароб гардонад, пас то анҷоми «фаъолияти меҳнатии худ» табиби ношуд боз камаш шаш ҳазор касро ноҳақ азоби ҷаҳаннам медиҳад.
Аз ӯ чанд маротиба илтимос карданд, ки аз барои савоб бо ихтиёри худ ба кабинети ташкилии поликлиника бигзарад. Бо ҳисобу китоби маризону дорую даво машғул бошад.
Садқаи сар, масъулиятро ба гардан гирифта, маоши пештараашро хоҳанд дод. Чия?! Ба идораҳои дахлдору бедахл он қадар давуғеҷ карда, ҳамаро безор намуд, ки ба сардухтур аз ҳар сӯ телефон карда гуфтанд: ба ҳурмати ҳамаи муқаддасоти олам, илоҳо барака ёбеду илоҷе кунед, ки духтуратон ба сари мо дод гуфта наояд.

пешина
аз 248
навбатӣ