Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Мудири мӯҳтарам низ ана ҳамин хел як зоти шариф аст.
Бо вуҷуди он Наққош ақида дорад, ки мудири шӯъба будани ӯ барои беморон хуб аст. Монед, ки роҳбарӣ карда, савори мошини ёрии тиббӣ ин сӯ-он сӯ шитобида, дар маҷлисҳо гап фурӯхта гардад. Агар вазифаи мудирӣ намешуд ва ӯ фақат бо табобат машғул мегардид, миқдори беморони камтолеъ, ки ба дасти ӯ меафтоданд, сечанд меафзуд.
... Наққош дар пайраҳаи барфпӯш қадам мезад. Дар шунаҳи чароғон зарраҳои дурахшандаи барф чашмро мебурданд. Бо аробачаҳои электрикӣ аз корпусҳои табобатхона ба ошхона зарфҳои холӣ мекашониданд.
Духтур ҳис намуд, ки муддате инҷониб касе аз пасаш меояд. Аз роҳ бозистод. Чанд қадам дуртар аз ӯ Вакил меистод, ки бачаҳои худро ба парастории хешовандонаш вогузошта, шабу рӯзро дар ҳамин ҷо мегузаронид.
– Ҳа, ошно?
Наққош кӯшиш кунад ҳам, ба ин одам ба ҷуз «ошно» дигар шакли хитобро раво дида наметавонист.
Вакил салом дода, саволомез, илтиҷоомез ба рӯи духтур чашм дӯхт. Зоҳиран, ҷуръате надошт, ки аҳволи занашро бипурсад.
– Ҳоло ягон чизи аниқ гуфта намешавад, – ба ҳар ҳол раҳмаш омада гуфт духтур.
Худкардаро даво не, вовайлои пинҳонӣ. Акнун мардак албатта розист, ки аз баҳри ҳама чиз, ҳатто аз баҳри ҷон бигзараду сиҳатӣ ва оромии пешинаи ҳамсари худро баргардонад. Оё Наққош воқеаи доруи «хоб»-ро бигӯяд? Чӣ суд? Хавотираш зиёд мешаваду бас. Бе ин ҳам хеле азоб кашидааст. Чашмҳояш якангуштӣ фурӯ нишастаанд. Пӯсти рӯяш аз так кабудча метобад. Ришаш чанд рӯз боз нотарошида. Паси ҳам сигор мекашад. Гоҳо яктоаш тамом нашуда, навашро дуд мекунонад.
– Ҳеҷ натиҷа нест, гӯед... – бо андӯҳ гуфт Вакил. Дар мулоқоти аввалинашон низ ин мард бо ҳамин оҳанг гап мезад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё