Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Магар каманд дипломдороне, ки аз ҳунари рӯҳшиносии худ дар маъракахо даҳон пур карда лоф мезананд, аммо ҳамин ки саволи аниқу муайяне ба майдон партоед, устоди ҷоғ буданашон ошкор шуда мемонад? Масалан, аз мудири мӯҳтарам оид ба роҳу воситаҳои муолиҷаи савдои рашк савол кунед, фавран ба гап хоҳад даромад:
– Савдои рашк? Оҳ-оҳ, ин масъала бениҳоят мураккаб.
Рашк – ин боқимондаи ҳисси қадимист, ки дар он давра одамизод ҳанӯз аз ҳайвон ҷудо нашуда буд.
Ё худ:
– Рашк деви сиёҳ аст, зор монад, офати ҷон аст, сабил монад, арраи умр аст. Решакан бояд кард онро. Несту нобуд бояд сохт.
Дардро дашном медиҳад. Гӯё дард аз ҳарифоне бошад, ки бо дашном мағлубашон кардан мумкин.
Касе даъво надорад, ки ҷиҳатҳои маҳрамонаи зиндагонии оилавӣ, робитаи заношӯӣ ё умуман равобити ҷинсиро ба шахси беруна гуфтан кори оддию осон аст. Бигузор сомеъ шахси хайрхоҳ бошад, ё табибе бошад, ки ба рӯҳи поки пираш Буқроти Ҳаким ҳанӯз қабл аз нахустин иқдоми худ савганд ёд кардааст, ки то ҷон дар бадан дорад, роздори корафтодагон бошад.
Пеши бегона аз ин нуктаҳо сухан рондан осон нест. Бинобар ин аксаран худи табибро лозим меояд, ки мисли одамоне, ки дар биёбон чоҳ канда, барои ташналабон об мебароранд, якта-якта савол дода, аз қаъри дили бемор зарразарра маълумоти даркориашро кашида бароварад:
– «Ҳушам парешон» мегӯед. Қадом вақт ва ба чӣ шакле зоҳир мешавад ин парешонӣ? – мепурсад духтур.
– Мисол, вақте ки чизе мехонам. Мехонам-мехонаму як вақт мебинам, ки хаёлам ба дигар тараф рафтааст.
– Пас чизе ҳаст, ки ҳушатонро ба дигар сӯй мекашад?
– Надонам.
– Шумо надонед, рафиқ, кӣ медонад?
– Надонам.
– Набошад, бигӯед, андешае, ки ҳушатонро ба дигар сӯй мебарад, аксаран як хел аст ё ҳар дафъа ҳар хел?
– Диққат накардаам. Ба ёдам нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё