Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Ана ҳамин тавр, медонаду намедонам, мегӯяд. Ба ёдам нест, аҳамият надодаам, мегӯяд ё мана ин зайл сӯҳбат:
– Аз чӣ сабаб дилтанг мешавед? Чӣ воқеа, масалан, боиси дилгириатон мешавад?
– Ҳеҷ воқеа не. Ҳамту дилам аксари вақт сиёҳ.
– Гоҳо дар дилатон ваҳм пайдо мешавад, ки аз ягон чизи бароятон азиз ҷудо мегардед?
– Ҳа! Ҳа! Пайдо мешавад.
– Ба садоқат ва самимияти баъзе аз наздиконатон, мисол гирем, дӯстон, рафиқони ҳамкасаба шубҳа пайдо мешавад?
– Ҳа, духтур, айнан!
Ҳм. Эшон ба садоқати ҳамкорон шубҳа пайдо карда, асабашон хароб шудааст. Хайр, ин мусоҳибаи аввалин. Дафъаи дигар ба сабаби асл боз як қадам наздиктар хоҳанд омад.
Зотҳое ҳастанд, ки шикваро аз бехобӣ сар мекунанд. Ба онҳо мисли он ки муаллимони донишкадаҳо айёми имтиҳонот мекунанд, саволҳои кӯмакӣ дода, ба сари сабаби асл овардан лозим мешавад. Фақат ҳамин қадар тафовут, ки донишҷӯён ба ин восита сабақи беихтиёр фаромӯшкардаашонро бо шавқи тамом гуфта медиҳанд, маризон хотираҳои дар замири қалб қасдан ниҳонкардаашонро гардани хорхорон ба забон меоранд.
... Наққош ба Вакил гуфт:
– Романҳое ҳастанд, ки охири воқеаро аввал тасвир карда, баъд нақлро дубора аз ибтидояш сар мекунанд. Шумо ҳам нақлро аз аввали воқеа сар накардед. Оё ҳамин тавр нест?
– Ҳамин тавр, духтур.
– Шумо ихтиёр доред, ки чизе нақл накунед. Лекин худатон гуфтед, ки сиҳат шудани ҳамсаратонро мехоҳед.
– Дигар орзу надорам, духтур. Шоҳидаро ба ман... Ӯ лаҳзае забон хоид – ба фарзандонаш саломат баргардонед; як умр ғуломи шумо бошам.
– Э як гапҳо мегӯед, ки... Гӯё китоби қадимае мехонда бошед...
– Як умр миннатдоратон бошам.
– Беҳтараш қиссаро аз як сар нақл кунед.
Ӯ даме ба риши расида, андоми ошуфта, лабони саҳл-саҳл

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё