Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Мӯйсафед дар пешгоҳи хонаи калони ёздаҳболораш ба рӯи кӯрпача ба болинҳо такя карда менишаст. Саидбекро дида, ҳаракате кард то аз ҷой бархезад, вале Саидбек чобукона ба наздаш расида, зону зад ва пайкари боборо оғӯш намуд. Пас мӯйсафед дастони набераашро кушода, худаш ӯро нарм оғӯш намуд, сари кифт вз тахтаи пушти ӯро нармнарм молид. Дергоҳе Саидбекро аз оғӯшаш раҳо намекард ва, ба назараш, сару синаи ӯ, дасту бозувони ӯро бӯй мекашид.
– Хуш омадӣ, писарам, – гуфт ниҳоят бобо ва ба пирамарди ҳамсояаш, ки дар рӯ ба рӯ, дар зеҳи девор менишаст, нигоҳи маънидоре афканд. Пири рамузфаҳм дарҳол чойникро бо лаби дастархон пӯшонида, берун рафт.
– Ҳеҷ ҷо намеравам, – гуфт ҳамсоя дар сари остона лаҳзае таваққуф карда. – Ман дар ҳамин ҷо, дар рӯи ҳавлӣ.
Бобо ба аломати ризо сар ҷунбонид.
– Ин ҷо нишин, – фармуд ӯ. – Ҳанӯз тамоку мекашӣ?
Саидбек сар хам кард.
– Хайр, Бек, ихтиёрат. Хуш омадӣ, Бек, – такрор намуд Сангинбек ва нохост пурсид: – Нигор наомад?
– Не, Бузург. Ҷеғ занам?
– Э албатта. Ту ғалатӣ, Бек. Ҷеғ зан, Бек, ҷеғ зан. Биёяд Нигораки бобош, Нигораки хушрӯи ман.
Муддате ба тиреза чашм дӯхта нишаст. Пас гуфт:
– Бирав, писарам, тилгиром зан. Пӯшта дур не. – Саидбек чолокона аз ҷояш барҷаст. – Не, Бек, сабр кун. Хоб зер мекунад мана. Ҳа, як-ду ҳафта мешавад, ки банохост хобам мебарад. Гап дорам ба ту, – боз дақиқае хомӯш монда, риши паҳни ғуллиашро бо панҷаҳо молиш дод. – Хайр, ин корҳои дунё ба худат маълум. Ҳамааш аз дастат меояд. Шукр, йигити калон шудаӣ, Бек, дада шудаӣ. Ман дигар чиза гуфтаниам.
– Гӯшам ба шумо, Бузург.
– Ҳм, – хаёле табассум кард бобо. Саидбек ҳанӯз дар айёми наврасиаш аз унвонҳои дар ғайби бобо гуфтаи падар ибораи «Падари бузургвор»-ро писандида, аз он барои бобо номи шӯхиомезе сохта буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё