Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Рафта-рафта он ибора ихтисор шуд ва як калимаи «Бузург» боқӣ монд. Зоҳиран ҳамаи ин муддат ин хитоба ба гӯши мӯйсафед ё ғалатӣ, ё бегонаю ғайритабиӣ мерасид ва ҳар дафъа дар чеҳрааш осори тааҷҷуб ё ҳеҷ набошад, нишонаи ҳайрати яклаҳзаинаи даргузаре ҳувайдо мешуд ва ӯ, хусусан солҳои аввал, ба андоми набера дергоҳе озмоишкорона назар медӯхт, баъд, аз афти кор, дар дилаш «бигузор гуфтан гирад» мегуфту дигар эътиборе намедод.
– Ҳм, «Бузург», – боз лабхандомез зери лаб ғур-ғур кард бобо. – Ту ғалатӣ, Бек. Хайр, ман... Гӯш кун, писарам, ба рӯям нигоҳ кун. Ман аз ту яки ба ҳазор розӣ. Барои ту дуо мекунам, шукрона мегӯям. Лекин талаб ҳам дорам. Падарат, Пӯлодбек, худо раҳмат кунад, марди нағз буд. Марди асил буд гӯем, ҳаққамон намеравад. Ба хаёли мани пир ҳамту. Худат ҳам, чашм нарасад, йигити баҷо. Талаби ман, муродам якта: ҳама вақт мард бош, Бек. Ғалаёни нафс ҳаст.
Чизи зӯр, бисёр зӯр. Ба хаёли мани пир ҳамту. Лекин муллоҳо васвасаи шайтон мегӯянд. Мегӯянд-дия, шайтони бечорая ҳуда-беҳуда гунаҳгор мекунанд. Лаҷоми нафс бояд, ки дар дасти худи одам бошад. Хӯш... – бобо ба хаёл рафт, ришашро қабза намуда молид, баъд аз так, аз тарафи сина панҷа зада боз парешон намуд ва дар ин муддат риштаи гусастаи андешаҳояшро пайванд дода, илова намуд: – Мушкилиҳо дар зиндагонӣ бисёранд, лекин мард будан лозим.
Зарур, Бек. Ба хаёли мани пир ана ҳамту.
Саидбек гарчи мувофиқи фармоиши бобо рост ба рӯи ӯ менигарист, сараш банди хаёлот буд. Бобо ин қабил суханҳоро ба дигар тариқа пештар ҳам мегуфт, аммо ҳоло насиҳаташ як навъ оҳанги ошкорои васият дошт. Сангинбек ба чеҳраи вай нигоҳ карда, боз табассум карду «акнун ба пӯшта бирав» гуфт. Чун дид, ки Саидбек дарҳол аз ҷой наҷунбид, боз ба гуфтораш давом кард.
– Чӣ? – гуфт ӯ. – «Ҳамаи гапи бобоям ҳамин будааст?»
гуфта ҳайрон шудӣ? Ҳа, Бек, ҳамааш ҳамин. Ҳамаи дигар гапҳо аз ҳамин гап мебарояд. Ба хаёли мани пир ана ҳамту.
– Нохост ӯ бетоқатона ба даромадгоҳи хона нигоҳ афканду таъкид кард: – Хез, бачем, ба пӯшта бирав. Лекин зудтар биё.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё