Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Ҳавлии амаки Эдик аҷоибхона барин. Дар як тараф харгӯшхона. Қариб садта харгӯш. Кумур-кумур алаф ё карам хӯрданаша бинед, ҳавасатон меравад. Дар тарафи дигар, дар паси олуболузор – мурғҳои марҷон. Ҳар кадомаш уштурмурғи африкоӣ барин. Пеши ин хонаҳоя симтӯр кашидагӣ. Ҳар қадар хоҳед, тамошо мекунед. Аз қафо, аз пушти хонаи истиқоматӣ хур-хури хукҳо ба гӯш мерасад. Баъзан дар байнашон, аз афти кор, гап мегурезаду фиғони ягон хук ба фалак мепечад.
– Э овозат дар қабристон! – бо зарда мегӯяд амаки Эдик.
– Бе чирроси ту ҳам аз дасти ҳамсояҳо рӯз нест.
Хабари зоидани модасага ба ҷои кори додом бо телефон гуфтам. Зуд омад.
– Зоид, зоид, панҷта зоид. Лекин даррав дода наметавонам, – гуфт пирамард. Вай тахмин як ҷувол нони бӯлкая ба тағораҳо реза карда меандохт. – То як ҳафта нашавад, ҷудо карда намешавад. Шумо байъона дода монед, писар дилхоҳаша ҷудо кунад, ҳамон азони худаш.
– Чанд пул?
– Байъона ихтиёрӣ. Лекин нархи сагча чил манот.
– Э амак, инсоф кунед, ба чил сӯм барра медиҳанд..
– Рост, ҷони ширин, барра медиҳанд. Ана шумо раведу барра харед. Зӯрӣ накардаем.
– Ақаллан бист сӯм гӯед, охир, хайр, равед, ки сӣ сӯм!
– Як тин кам намешавад. Агар мешуд, ҷонам катӣ. Ба хотири Сангинпӯлод чил сӯм гуфтам. Лекин қонунӣ нархаш – панҷ червон.
Додом фикр карда монд. Амаки Эдик гӯё савдо напухта ба охир расида бошад, ба сӯи дари ҳавлиаш равон шуд.
Роҳравон мегуфт:
– Зӯрӣ накардаем, ҷони ширин. Ихтиёр. Аммо худатон медонед, саги нағз баҳо надорад. Чӯпонҳо ба саги зотӣ ним рама гӯсфанд медиҳанд.
Додом, аз афти кор, дар хаёлаш нархи ним рама гӯсфанда ҳисоб карда баромад, бо чаҳор червон муқоиса карду розӣ шуд ва бист сӯми дар бисоташ бударо байъона дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё