Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Модараш ҳам хушрӯ, ҳам хушгап. Аз кӯчида омаданамон ин тараф бо очаам дугона.
Аммо ин Лена, ба гуфти бибиам, ғазаби худо. Чунон шаллоқӣ ки... Хотири додош намешуд, аз миллачаҳои лентадораш дошта, кайҳо боб мекардам-куя.
Додом аз магазини мебел як тӯб картони ғафси нимдошт овард. Бо табару теша тасма-тасма бурида, ба роғҳои девор мехкӯб кардем. Акнун Ҷага ҳавлии амаки Мишаро дида наметавонист. Лекин мо фаромӯш кардаем, ки саг чизи даркориаша на фақат бо чашм мебинад. Бо гӯшу машоми тезаш ҳам мебинад. Саҳарӣ ғавғои сагон ҳамая бедор кард.
Ҷага аз ҷои дигар нақб канда, ба ҳавлии ҳамсоя даромадааст ва боз ба Рекс ҷаспидааст.
Додом аз саросемагӣ чӣ кор карданаша надониста, аз болои пояи хиштини водопровод ба ҳавлии амаки Миша нигоҳ карда фарёд мекард: «Ҷага! Ҷага! Ин сӯ биё! Э ба ту чӣ шуд? Михал Степанич, дӯстам. Ҷагая пеш кунед!». Амаки Миша дар каноре истода, «ҷанги» сагонро парешонхотирона назора мекард. Моро дида, ишора намуд, ки аз дари ҳавлӣ биоем. Пас гуфт, ки пеш аз халос кардан ба кирдори сагатон дурустакак зеҳн монед. Ҷага ҳаф-ҳафкунон ва кафки фаровон аз даҳон резон бо шаст ба Рекс ҳамла меовард. Рекс дар як ҷо меистод ва ҳамин ки Ҷага наздик шуд, ғурросзанон бо пои рост ё чап ба калла ё гардани саги ман чунон мефаровард, ки муаллақзанон ба сӯе меғелид. Аммо Ҷага бар пой рост шудан замоно боз худро ба сӯи Рекс меандохт.
Ҷанги сагонро чандин маротиба дида, боре надидаам, ки як саг саги дигарро нагазаду бо дасту по зада афтонад. Аз Рекс миннатдории бепоёне ҳис мекардам. Ба ҳоли Ҷага дилам месӯхт. Ба хона кашола карда бурдам, сару рӯяшро аз хасу хошоку хоку лой тоза карда, навозиш намудам. «Ба ту чӣ шуд. Ҷагаҷон? Ба Рекси бегуноҳ чӣ даъво дорӣ? Охир вай ба ту ягон бор чашм ало накарда бошад, нони туя, оши туя нахӯрда бошад... Ба чӣ ин қадар бадқаҳр шудаӣ? Вазнин шав, азизам, аз Рекс ту бояд ибрат гирӣ, на ин ки ба гиребони вай даст занӣ...».
Ҷага вазнин-вазнин нафас мегирифт. Гапҳои маро фаҳмид аз афти кор, дастамро лесида, рӯяшро ба зонуҳоям мемолид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё