Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ин сага ба духтур нишон додан даркор, ба хаёлам, – ба додом мегуфт амаки Миша. – Дар кӯчаи Гогол духтури ҳайвонот ҳаст. Дар роҳи Кӯктош ҳам.
Падарам номуайян сар ҷунбонид. На ҳа мегуфт, на не.
Амаки Мишаю падарам пештар ҳар бегоҳӣ шоҳмот мебозиданд. Бозиашон ҳамту азони дигарҳо барин оддӣ буду тамошояш аҷиб, чунки ду каси каппа-калон шарм надошта, гаштҳои худашона худашон беист таъриф мекарданд.
– Баъди се гашти дигар мебинед, ки бозии ҳақиқӣ чӣ хел мешудааст, мӯҳтарам Михал Степанич, – мегуфт додом.
– Мебинем, мебинем. Мурғи парканда барин ба як кунҷак ҷо шудани шоҳатона мебинем, бародари азиз.
Амаки Миша мегуфт:
– Инженер мардума дар шоҳмот усто мегуфтанд. Муболиға будааст-дия.
– Муболиға нею ба ходимони милитсия раҳм мекунанд.
Шоир гуфтааст-ку: «Пушту паноҳи ман аст милитсияи ман!». Хафа нашавед, гуфта, зӯр мезанам, ки бозӣ дуранг шавад ақаллан.
Аз бозе ки Ҷага ҷангара шудааст, амаки Миша ҳам ба ғами мо шарик.
Рӯзи истироҳат секаса таки девори тахтагина кофта ҳазорта хишти барои печка овардамондаи додома ба он ҷо чидем. Акнун Ҷага нақб канда наметавонад. Аз болои девор гузаштан бошад, ҳоло ҳунари ӯ нест.
Рӯзе модарам бо дугонааш Розия-хола ба хона омад.
Онҳо дар идораи радио кор мекунанд. Дар дасти Розия-хола аппарати овознавис. Ҳамроҳашон боз як занаки яктаҳи сафедпӯш буд. Аз ӯ бӯи конфети шоколад меомад. Модарам гуфт, ки ин кас коргари машҳури заводи нон (яке аз заводҳои комбинати нон дар паҳлӯи ҳавлии мо, дар кӯчаи Аҳмади Дониш воқеъ шудааст). Азбаски дар завод ягон гӯшаи ороми бе тараққотуруқ набудааст, ӯро модарам ба хона овардааст, ки овозашро ба лентаи магнит навишта бигиранд.
Ҷага зани яктаҳпӯшро диду гӯё девона шуд. Якзайл аккос мезад.

пешина
аз 248
навбатӣ