Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Занҳо ба хонаи дарун даромада, дарҳоро маҳкам карданд. Ним соат гузашт, Ҷага аф-афи хашмини худро ҳамчунон бас намекард. Ҳар қадар навозиш кунам, кулчаю қанд диҳам, хорумол кунам ҳам, фоида накард.
Модарам ба рӯи ҳавлӣ баромада гуфт:
– Писарам, сагата дар кӯча давр занонида меомадӣ...
Овозаш ба лента даромада истодааст. А, ҷони оча, чӣ гуфтӣ?
Чӣ мегуфтам? Аздусар ҳар рӯз як соат-ним соат гардиш мекунем. Хайр гуфтам. Озода ҳам аз дунболам кашола шуд.
Дар таки девори заводи нон тохтутоз карда мегаштем. Ногоҳ ба ёдам расид, ки Ҷагаро оббозӣ дорониданӣ будам.
Акнун калон шудааст, дар тағора намегунҷад. Як бор дар таки шланги водопровод шустушӯ карданӣ шудам, маъқул нашуд, ҳама ҷоя тар кард. Мегурезаду халос. Ҳӯ-ӯ болотар аз кӯчаи Дӯстии халқҳо наҳрчае мегузарад. Ба ҳамон ҷо бурда, нағзакак мешӯям. Собун катӣ.
Озодаро ба хона фиристодам. Сатилча ва як кулча собун овард. Дар қарибии калисо як ҷои соз будааст. Либосамро кашида, ба дасти хоҳаракам додам. Ҷага бо хоҳиши тамом ба ҷӯй даромад. Барои он ки нагурезад, нӯки занҷираша ба миёнам печонида, баданаша тар кардам, собун задам. Аммо ба сару гарданаш ҳам собун заданӣ шавам, намемонад.
Хайр, майлаш, гуфта аввал баданаша шустам. Сонӣ дастама пури кафк карда, ба сараш молиданӣ будам, ки нохост сахт ғуррид, фиғоне кашид ва аз ронам маҳкам газид. Аз ҳамлаи ногаҳонӣ, аз шиддати дард ман ҳам фарёд кашидам. Ҷага хез карда, аз мобайни ҷӯй ба боло парид. Занҷир кушода шуду саг гурехт.
Гиря накардаам, лекин оби чашм худаш ба рӯям мешорид. Саг маро газиду Озода ҳой-ҳой мегирист, сарулибоси ман дар бағалаш дар роҳи ҳамвор пешпо хӯрда-пешпо хӯрда ва бо тамоми овоз кӯчаро ба сараш бардошта, сӯи хона медавид. Роҳгузарон чӣ шуд ба шумо, чаро пои ин бача хуншор, кӣ шуморо ранҷонид, гуфта, аз роҳ медоштанд, ҳамдардӣ мекарданд, дар худи ҳамон ҷо маслиҳат медоданд, ки фалон алафро шуста, ба ҷароҳат бандем.
Ҷага занҷир ба гардан гирдогирди ҳавлӣ давида, аккос мезад, нӯла мекашид.

пешина
аз 248
навбатӣ