Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Дафъаи дигар мебинед, ки Аҳмад-паҳлавон бо таҳамтани девпайкаре ҳарб карда, бо ҳила ва усулҳои аҷибу ғариб ӯро дар гирди майдон ба тохтутоз андохта, мадорашро тадриҷан хушк мекунад ва, ниҳоят, яке аз бисёр найрангҳои қонунии гӯштини ҳалолро ба кор бурда, нусрат меёбад.
Лекин мардум дар тарзи гӯштингирӣ, дар ғалабаҳои Аҳмадбек ва ҳатто дар таърихи зиндагонии ӯ як чизи ғайриодатӣ мебинанд ва аз ҳамин сабаб ҳам дар ҳаққи ӯ ҳар гуна хулосаҳои ғайриоддӣ мебароранд. Масалан, мегӯянд, ки Аҳмадака одами назаркарда аст. Ҳа, ӯро кадоме аз азизу авлиё назар кардааст, мегӯянд. Дар рӯи дунё чӣ қадар паҳлавон, ки бошад, ҳамааш машқ мекунад: ё ҳар сари чанд гоҳ бо одамони ҳамвазну ҳамқуввати худ гӯштин мегирад, ё сангбозӣ ё боз ягон кори дигаре мекунад. Аммо дар ягон ҷо варзиши Аҳмадбекро то ҳоло касе надидааст. Аз бозе, ки ӯ ба зери қаноти худораҳматӣ падараш даромада, ба касби отаю бобояш – деҳқонӣ шуғл кард, ба ҷуз заминронӣ, кишти ғаллаю сабзавот, нигоҳубини боғот, ҷӯйканӣ ва ғайра дигар кореро намедонад. Бо вуҷуди ин ба майдони гӯштин, ки даромад, ҳарифаш ҳар қадар паҳлавони машқдидаю варзишхӯрда бошад, зиёда аз як даст ё агар ниҳоят зӯр бошад, бештар аз ду даст тоб оварда наметавонад.
Рост, ки корҳои оддии деҳқонии вай худаш машқи паҳлавонӣ барин як чизест. Кишту шудгори ёнаҳои Сафедкӯҳро сардори бригада ҳар тирамоҳ ба Аҳмадбек месупорад. Чунки каси дигар дар он доманакӯҳи сарнишеб ҷуфти гов ҳай кардан он сӯ истад, бо як банди сабуки шувох озодона гашта наметавонад. Омочро ҳам Аҳмадбек ба дасту бозувони худ муносиб карда худаш метарошад. Омочи ӯро фақат худаш бардошта бурда, ба юғи гов пайваста ва ё аз мазрае ба мазрае кӯчонида метавонад.
Нақл мекунанд, ки боре Аҳмадбек дар як пуштаи нишеби мисли ёнаҳои Сафедкӯҳ душворгарде ҷуфт мерондааст. Ин вақт аз маркази район ба ӯ кас мефиристанд, ки баъди пешин дар он ҷо маъракаи гӯштин барпо мешавад ва ӯ бояд ҳатман биёяд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё