Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Дар ҳавои кушод, дуртар аз бому девори иморатҳо садои тор баралоина шунида мешуд. Навозанда бо фосила сарахбори кадом як машқи кӯҳистониро менавохт, зоҳиран, танбӯри худро ҷӯр мекард.
Зан косаи дар дасташ бударо ба лаби дастархон гузошта омада, чанд қадам дуртар аз Саид Амон дар лаби ҷӯчаи беоб нишаст ва гӯш ба садои тор дод.
Мутриби ноаён асбобашро ҷӯр карда шуда дақиқае таваққуф намуд, пас навозиш аз нав оғоз ёфт.
– Ин кист? Кӣ менавозад? – пурсид Саид Амон аз соҳибаи хона.
Зан ангушт ба лаб ниҳода, ишорат кард, кн хомӯш бошад, баъд ҷавоб хоҳад гуфт. Навозанда аз ҷои ростистодаи Саид Амон тахмин камаш дар дусад қадам масофа ва боз дар баландӣ буд, лекин ҷарангоси тор то ба ин ҷо ба тамоми возеҳият мерасид.
Чизе ки меҳмон мешунавид, ба беҳтарини савтҳои кӯҳистонии то ҳоло шунидааш шабоҳат дошт, вале айнан хеҷ кадоме аз онҳо набуд. Зарбҳои нафиси оҳанг дар фазои беғубор ҷавлон мезаданд ва ба гунбади ларзони нур, ки акси шуои чароғони деҳа буду бар сари он парӯ шуда мехобид, расида гӯё хиромон-хиромон мерақсиданд.
Ҳар сол дар моҳи мизон – моҳи мувозанати шабу рӯз ва гармову сармо дар осмони софи айёми тирамоҳ манзараи аҷибе мушоҳида мешавад: аз куҷое пағаҳои нарми абрешиммонанде пайдо шуда, дар болои дарахтони зарринбарг, киштзороне, ки маҳсули яксоларо дода, акнун ба истироҳат рафтаанд, ба парвоз медароянд. Боди ноаён, ки ҳатто дар ҳавои оромтарин ҳам дар амал аст, баъзе аз ин торҳои пурҷилоро ба нӯки дарахтони баланд андармон мекунад, онҳо дар ҳамин ҳолат то барфу борони нахустин дар зери нурҳои гарми офтоб дурахшон меистанд. Пағаҳои ба ҷое андармоннашударо ҳаври замин ба боло тела медиҳад ва онҳо соатҳои бисёре баландтар аз шамшодҳои мавзун, дар он ҷое, ки сайргоҳи уқобон аст, парвозкунон мегарданд, чашмони бачаҳои деҳотро бо дурахши сеҳрноки худ мебаранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё