Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Меҳмон мехост, ки ин одамро аз наздик бубинад ва аз рози санъати ӯ огоҳ шавад. Вай бо пайроҳаи танге ки аз паси қатори ҳавлиҳо боло мехазид, пеш рафтан гирифт. Садои тор баланд шуд. Мутриб мисли дирӯза сарахбори машқеро навохта, асбоби худро ҷӯр месохт. Гоҳо торҳоро яктоӣ, дутоӣ нохун зада, садои онҳоро месанҷид. Гоҳо ба ҳамаи торҳо баробар даст зада, ҷарангоси боҳашами онҳоро баланд карда, сонияе чанд гӯш медод.
Пайроҳаи пешгирифтаи Саид Амон бо ғави серхоре интиҳо ёфт. Олими ҷавон дар ҳавои нимторик дастони худро ханҷор кунонида, аз ғав гузашт ва ба тангкӯчаи ноҳамворе баромад.
Мутриб сози худро ҳанӯз ҷӯр мекард. Садои тори ӯ монанди дирӯза хеле равшану возеҳ ба гӯш мерасид. Табиат домани ин кӯҳро ба шакли нимтанӯр, ба тарҳи амфитеатрҳои Юнони қадим чунон боб карда сохтааст, ки садои одам ё чизи дигар аз сар то канори деҳа бе хеҷ монеа сайр мекунад. Илова ба ин ба овоз, хусусан ба садои торҳо як танини гуворо, як ғулғули нозуки мисли акси садо салобатноке мебахшад.
Ба айвони аз чароғ мунаввар, ки садои танбӯр аз он ҷо мерасид, тақрибан сӣ-сиюпанҷ қадами дигар монда буд, ки аз паси Саид Амон касе овоз баровард. Марде ба лаҳҷаи помирӣ чизе гуфт, ки меҳмон нафаҳмид. Вай аз мақсади мард бехабар ба роҳам равам-наравам гӯён мулоҳиза мекард, ки соҳиби овоз ба наздаш расид.
– Ҳа, бародар, ин туӣ? – гуфт ӯ ба андоми Саид Амон аз наздиктар зеҳн монда. Ӯ марди хушрӯи тӯтибурути баландқомате буд, ки имрӯз дар пеши мактаб дидааст. Мӯи малла, чашмони осмониранг ва умуман қиёфаи ба одамони шимоли дур хоси ин мардро дида, ӯро кадом як мутахассиси европоӣ гумон карда буд. Бинобар ин дар саҳни мактаб бо дигар сокинони деҳа саволу ҷавоб карда, ба ӯ, ки аз рӯи тахминаш, ба дарди фолклоршинос даво шуда наметавонист, ягон бор муроҷиат накард. Марди малламӯй ҳам дар гӯшае лабханди ниҳонӣ карда сокит менишаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё