Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Хоҳарашро Манзарбек дуздида, бо қӯшгупсар ба он соҳил бурдааст. Мунавварбегим худро аз болои овринги Росткамар ба коми Панҷ андохта будааст.
Аз бачаи понздаҳсола чӣ ҳам мегиред, меҳмон-бародар.
Як моҳи дароз пурсиданд, ба ин сӯ-он сӯ кашола карданд, аммо ҷои рафтаи язнаашро нагуфт, ки нагуфт.
Сонӣ ҷанг сар шуд. Ҳамаи йигитхо рафтанд, ман ҳам рафтам. Аз нисф зиёдашон барнагаштанд. Дар соли саввуми ҷанг Давронбек ҳам рафта, якдаста шуда омад. Вай фақат баъди аз ҷанг баргаштан аз қиссаи хунини ҳамон шаби интиқом батафсил нақл кард. Мунавваршоҳ аввал ба ҳар гуна идораҳо хуб давидааст, мехостааст, ки Манзарбекро мувофиқи қонун ҷазо бидиҳанд. Лекин фаҳмидааст, ки ин кор басо мушкил, мураккаб ва қариб номумкин аст. Дигар тоқат карда натавониста шабона аз дарё гузаштааст. Манзарбекро аз хонааш даҳон ва даступо баста кашон-кашон ба лаби Панҷ овардааст. Дар он ҷо дар майдони кушод ӯро аз банд раҳо карда ва ба дасташ аслиҳае дода, дар талоши ҳалол қатл кардааст.
Қиссаро шунида, мардум аз гуноҳи Мунавваршоҳ гузаштанд. Охир дар диёри мо, меҳмон-бародар, одамкушӣ расм нест. Ана бирав, аз мӯсафеди садсола бипурс, бигӯ оё шунидаед, ки ягон марди бадахшонӣ ба хотири мол ё мулк, барои чизи дигар касеро аз ҳаёташ маҳрум карда бошад. Агар ин гуна ҳодиса рӯй диҳад ҳам, дар дусад сол як бор. Намедонам, меҳмон-бародар, ман олим нестам, маънидод карда наметавонам. Ба хаёлам, сабаб ин аст, кн Помир Боми Ҷаҳон аст. Боми Ҷаҳон бояд аз худи ҷаҳон фарқе дошта бошад. Ҳамту не?
Мунавваршоҳ соли чилу шашум ба деҳа омад. Мардум ӯро ба хушӣ пешвоз гирифтанд. Гӯё воқеае нашуда бошад.
Аввалин кори кардаи Мунавваршоҳ ҳамин буд, ки болотар аз хонаи мо, ана дар ҳамон ҷои ҳозирааш хона андохт. Падару модари пирашро бо писарчааш кӯчонида омад. Ба ҳавлии пештарааш дигар нарафт.
То он вақт фоҷиа аз ёди калонҳо, аз афти кор, фаромӯш шуда буд. Хайр, охир, меҳмон-бародар, фарз кардем, фаромӯш нашуда бошад ҳам, чӣ кор мекарданд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё