Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бечора Усто Оқил... Аз фарзанд худо нафармуда будааст: якта писар дошт, ҳамон ҳам ба сари хокаш расида натавонист. Хайр, дар зиндагии Усто ҳам падару писар ба якдигар чандон меҳру оқибат надоштанд. Як вақтҳо писар мактаби олиро тамом карда, аз ҳамон ҷо як духтари кушодарӯи шаҳриро зан карда омада буд. Чанд сол қаҳрӣ шуда гаштанд. Фақат ду соли охир оштӣ буданд. Писар дар кадом кон инженер шуда кор мекунад. Соле чанд бор дар таки дари Усто Оқил мошини боркаши болояш брезентпӯш пайдо мегардид. Ҳамсояҳо аз ҳамон мошин пай мебурданд, ки писари Усто ба назди падару модараш ба меҳмонӣ омадааст.
Хайрият, дина Нодирҷон ба фермаи дурдасташ нарафта будааст. Пагоҳӣ зани усто бо доду фиғон якта ҷомаю миёнбанди навро бароварда, ба Нодирҷон дод ва илтимос кард, ки онро пӯшида, ба ҷои ҷӯрааш пешопеши тобут равад.
– Хайр, холаҷон, ман аздусар пешопеши тобути амакам меравам, – гуфт Нодирҷон. – Лекин ҷомаро дароварда монед. Худам ҷомаву миёнбанд дорам.
Зани усто бошад, бо тамоми овоз фарёдкунон мегирист.
– Дар ҳамин рӯзи сиёҳам мана боз хафа накун, писарҷонам, – гиряомез мегуфт зани шӯрбахт.
Ҳоло Нодирҷон пешопеши издиҳом пайроҳаи васеъ ва камлойтарро интихоб карда, ба сӯи қабристон роҳ мекушояд.
Чӣ шуд? Чӣ воқеа?
Зор монад ин борон! Таки осмон расо сӯрох шуда будаст-дия. Яке аз тобуткашон лағжида ба лой афтод ва дигарон дар роҳи нишеби ноҳамвор ба вазъияти ноустувор монда, тобутро ба замин гузоштанд. Астағфирулло! Рӯзи дафни Раиси тасмапеч ҳам тобут дар ними роҳ ба замин монда буд. Лекин вай, раҳаш ба худаш, ҷудо одами ганда буд. Ду соли аввали ҷанг, ки Раиси тасмапеч ба колхоз раис буд, ба сари халқ он қадар зулму тааддӣ кардааст, ки ҳокими золим он қадар намекард. Аммо мардум, ки ба фикри ҷанг, ба фикри ҷону ҷигар ва ёру бародари ба фронт рафтаашон буданд, ба чигунагии раис аҳамият намедоданд.

пешина
аз 248
навбатӣ