Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
– Медонӣ, Саид, ман чӣ қадар шодам! – бо ваҷду сурур мегуфт Давид Салимич дар кабинеташ. Бо ваҷду суруре, ки бо ҳамаи оҳангу тобишҳояш самимона менамуд. Вай аз курсии худ бархоста, ба сари мизи кӯндаланг омад, ки он ҷо одатан арздорон ё даъватшудагон менишинанд ва аз рӯ ба рӯи Саидбек ҷой гирифта, аз чойник чойи гарм рехта дод. – Худам дар ҳамин андеша будам, чӣ кор карданамро намедонистам, то ки туро ба хатти Кашолдара оварам... Охир ҷавониамон якҷоя гузашт. Ҳамин қадар солҳо ҳаммактабу ҳамхона будем. Эҳ ҷавонӣ, ҷавонӣ... Хуш омадӣ, дӯстам, дӯсти азизам.
Давид Салимич аз пешомадҳои электриконии республика ва ҳатто мамлакат сухан мегуфт. Саросар аз электр таъмин кардани муассисаҳои давлат ва хонаҳои мардум аз қувваи электр ба анҷом расидааст, мегуфт ӯ. Вале дар ин кор марҳилаи тозае оғоз шудааст. Истеҳсол ва нақли кувваи электр принсипан интиҳо надорад. Ёд дорӣ, – мегуфт ӯ ба дасти рӯи миз гузоштаи Саидбек нӯги ангушташро расонида, – вақте ки мо мактабхон будем, автобусҳои шаҳрамон чӣ гуна буданд? Базӯр сӣ кас меғунҷид. Ҳозир чӣ? Ҳозир Икаруси чордараи қӯшасалон якбора то дусад касро савор мекунад. Боз шому саҳар истгоҳҳо пурпури одам. Ин барои мисол. Кори мо ҳам ба ҳамин равиш аст, дӯстам. Аввалин гэсҳои Тоҷикистон чӣ қадар кувват доштанд? Ҳамаашро якҷоя кунӣ, ба нисфи Норак намерасид. Зӯртарин хатҳои нақли электр фақат 35 киловолт иқтидор доштанд. Ҳоло дар Шимоли мамлакат ба кашидани хатҳои миллионволтӣ омодаанд. Мо ҳам ба сохтани хатҳои панҷсадҳазорӣ сар мекунем...
Саидбек аввал тааҷҷуб кард, ки чаро ошнояш ин чизҳои барои ӯ кайҳо маълумро мегӯяд. Баъд тахмин кард, ки эҳтимол барои кафшери сӯҳбат мегӯяд, чунки аз хатми институт ба ҳар ҳол ду сол гузаштааст, кайҳо боз ин тавр наздик ва бафурсат нишаста сӯҳбат накардаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё