Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Дар назари сардори қитъа ба мисли ашёи гаронбаҳои шахси мӯътабарест, ки дар хонаи вай амонат гузоштаанд. Гаронбаҳо буданаш, амонат ва, аз ин ҷиҳат, дастнорас буданаш дили ӯро хиҷил мекунад, дидаашро дуди талх барин кофта мехӯрад.
Саидбек сардори калони идораашон Люлькаро аз наздик ҳатто ягон маротиба надидааст. Ҳар сол дар охири декабр иди умумииттифоқии энергетикҳо мешавад. Ӯро дар ҳайати раёсати маҷлиси пешқадамон мебинад. Мисли бобояш Сангинбек марди таҳамтани баҳодуршакл. Аз ҳамсафонаш як сару гардан боло, овозаш ҳам муносиби тану тӯшаш ғафси ширадор, дар толорҳо бидуни микрофону тақвияти садо ғулғула меандозад. Рафиқи ҳамкораш Алексей Люлькаро хуб мешиносад, ба хонаи вай равуо дорад. Пайваста тавсиф мекунад. Аз рӯи ҳикоятҳои Алёша вай ба Тоҷикистон ба сифати аскари сурхи савора омада, дар муҳорибаҳои чанги гражданӣ чандин маротиба захмдор шудааст. Ба таъбире, аз захми тири босмачиҳо «мурда, мурда, аз лабҳои гӯр гашта омадааст». Сонӣ дар сохтмони аввалин иншоотҳои обёрӣ чун заминкан, бетонрез кор кардааст. Дар мактабҳо, курсҳо хонда ба мартабаи усто, техник, прораб, инженер расида, охир ба мақоми баланди ҳозирааш омадааст.
Ҳар гоҳ ки Саидбек аз гузаштаи сардор ривоятҳо мешунид, хаёлаш ҳамаро монда, ба ду нукта банд мегардид: аввал ин ки дар айёми аскари савора буданаш ин мард чӣ гуна асперо савор мешуд? Дигар ин ки чунин шахси салобатноки ҷиддӣ, ки дар бунёди пояҳои рӯзгори тозакишвари ӯ ширкат доштааст, чаро ин хел номи сабукбори хандаовар дорад?
Гаҳвора. Боз ба худ мегуфт, ки мардуми украин шӯху ҳазлкашанд, дар байни онон ҳатто Лаблабу ё Шалғам барин номҳо низ ҳастанд. Хайр, дар миёни мардуми худамон ҳам Табару Теша, Партову Сафолу Ҷорӯбу Хошокҳо кам нестанд... ё шояд, мегуфт Саидбек, гаҳвора ном гирифтани сардор аз ширинкориҳои тақдир будааст? Замони ба кор сар кардани Люлька саноати электри диёри вай дар синни кӯдакӣ буд ва ба гаҳвора ниёз дошт.
Хуллас, ҳамин мард шунидааст, ки Саидбек дар бунёди хатти электр ихтирое таклиф кардааст, худи ҳамон рӯз моҳияти он навиро фаҳмида ва дар машварати мутахассисон маъқул ёфта, фармон додааст, ки ӯро ба ҷое бигзаронанд, ки барои амалӣ кардани нақшаҳои худ шароити мусоид дошта бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё