Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
– Зан ҳам гурехта намеравад, – гуфтам. Бобом хап шуда монд. Чунки бо модаркалонам чилу ду сол боз зиндагонӣ мекунад, бибиам ба ҷое нагурехтааст. Баръакс чанд бор аз худаш айбе гузаштаасту аз дӯғу дашноми очакалонам гурехта, дар хонаи мо ҷон ба саломат бурдааст.
Хуллас, ки жигулӣ харидам. Аз арзонтараш, аз панҷунимҳазориаш. Ба мошин гараж даркор. Инро пеш ҳам медонистам, лекин мегуфтам, ки як гап мешавад. Мошин нахарида, гараж созонам, ҷӯраҳо механданд: аз пода пеш чанг кардӣ; оба надида, мӯза кашидӣ; бача дар сафар, номаш Музаффар, пӯла буд, шӯла буд... Ба гап ҷома мепӯшонад ҳамааш, хусусан Ориф, Исмоил.
Масъалаи гараж ба худатон маълум.
Масъала не, санги хоро, муаммои дандоншикан. Қуттии оҳанин созонда, ба ягон ҷо монед, иҷозат даркор. Талаботи архитектура, фалон, бисмадон. Бе иҷозат созед, даррав комиссия пайдо шуда, акт мемонад, мошини ахлоткашон бардошта бурда, ба тӯдаи металлпораҳо меғурронад.
Акаам дар Ҳисор муаллим. Ҳавлӣ дорад. Дарвозахонааш гаражи тапа-тайёр. Аммо дур, бисту чор километр, охир.
– Дар шаҳр ягон хеши баобрӯи ҳавлидорат нест? – пурсиданд ҷӯраҳо.
– Ҳаст. Малика ҳавлӣ дорад, духтари холаам.
– Ба чӣ ҳамая гаранг мекунӣ? Дар ҳамон ҷо гараж созон, тамом.
Ба ҷӯраҳо ҳар гапа гуфта намешавад. Аз Малика то ҳоло кам-кам метарсам. Рафту ягон гапи сахт гӯяд, як ҳафта димоғам дуд мекунад. Солҳое ки ҳардуямон дар як синф мехондем, мана бисёр азоб медод. Шумо духтарчаҳои шаттоҳи ҷангарая надидаед, ки бо муштумзӯрӣ ҳамая зеридаст карда бошанд? Бандаи хушбахт будаед. Аз Малика қариб ҳар рӯзи худо шатта мехӯрдам. Кори фармудаашро иҷро накунам, даррав гӯшама тоб медод. Чунон сахт тоб медод, ки ким-куҷои мағзи сарам шараққос зада мерафту аз чашмам ҳам об мебаромад, ҳам алав. Рӯзе дасти якдигара дошта, бозикунон аз мактаб меомадем. Димоғам чок буд, димоғи Малика ҳам чоқ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ