Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Тол худаш чист? Пуф кунӣ, медаррад.
Чумчуқ шинад, пояш меғӯтад. Шанбеи оянда ҳашар. Боми гаража ҳалолу покиза мепӯшонем. Бо шифер.
– Ту ғалатӣ, Исмоил, шифера аз куҷо меёбем?
– Бобо меёбанд. Он кас нафақаи шахсӣ мегиранд. Ҳукумати район якта гапи он каса дута намекунад. Лекин шифери цементӣ даркор не. Вазнин. Конструкцияи гаражамон намебардорад. Шифери пластмассӣ даркор. Ҳам сабук, ҳам рангаи хушрӯ. Ҳӯ, дар баъзе павилонҳо аз ҳамон шифер пӯшидагӣ. Хаёл мекунӣ, ки аз таки бомаш набаромада, як умр ба боло нигоҳ карда шинӣ. Оламоро!
Ҳашари чаҳорум бо шиферзанӣ гузашт. Акнун усто Исмоил чойи 95, оби Шоҳамбарӣ талаб намекард.
Як саҳар бобоям бедор карда гуфт, ки туро Малика ба телефон ҷеғ мезанад.
– Зуд биё, – гуфт Малика бе он ки саломуалек кунад ва гӯшаки телефонро овехт. Аз гуфтораш оҳанги ҳамон давраҳое ки ба писару духтарони синфамон ҳукмфармоӣ мекард, шунида мешуд.
Шабона барфи калон борида буд. Автобусҳо суст ҳаракат мекарданд. Дили ман ба ҳазор кӯчаю паскӯча даромада мебаромад. Аммо жигулиамро дар кӯча, берун аз дарвоза дида, каме таскин ёфтам.
«Аз афти кор, язнаам ҳам мошин харидааст. Мошини маро ба кӯча баровардааст», – гуфтам дар дилам. Лекин аз язнаам беҳуда бадгумон шудаам. Бечора нисфи шаб аз шақарроси болори гараж бедор шуда, дигар хоб накардааст. Барфи калон миёни бомро хам кардааст. Язнаам ҳамсояҳояшро бедор карда оварда, мошинро тела дода, ба кӯча баровардаанд. Аз куҷое якта сутун оварда, ба таки болори кафидагӣ тиргак мондаанд.
Азбаски ба болои бом баромадан хатарнок буд, усто Исмоил ба нӯги ходаҳо ба шакли каланд тахтапора часпонида, ба дасти мо дод. Аз дур истода, барфи нимметрии бомро кам-кам кашола карда, ба ҳавлии ҳамсоя резондем.
Аммо ҳамон зимистони сербарфу сармо ба сари мо ташвиши бисёре овард.

пешина
аз 248
навбатӣ