Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Вақти аз ҳавлӣ баромаданам Малика миқдоре пулро ба дастам қаппонда гуфт:
– Лагану сатилу чойкаши нав биёр. Барои тоза кардани ин қатрон умри Нӯҳ даркор. Гир, гир, ҳозир ту кисакасал, медонам.
Ночор гирифтам. Замин намекафид, ки дароям, аммо дар як гӯшаи дилам шодӣ мекардам: чӣ хел нағз, ки духтари холаам калон шуда, ақлаш даромадааст. Замони пеш мешуд, чизе нагуфта, аз чашмам оташ мебаровард.
Дере нагузашта, ба гараж омадам ва боз мошинро шинохта натавонистам. Қатрони ба сӯрохиҳо рехтаамон дар офтоби тасфони дирӯза об шуда, ба бому дару сарпӯши мотор ва бағоҷмонак рехтааст, лӯнда-лӯнда часпида мондааст. Илоҷи онро аз тани мошин ҷудо кардан набуд.
Бо ҳамон ҳолаш рост ба хонаи Исмоил равон шудам. Дар маркази шаҳр инспектори ГАИ дошта, панҷ сӯм ҷаримаам андохт ва боз даст ба пешонӣ бурда гуфт, ки хоҳиш мекунад минбаъд автомобили аз гӯлах баромадаро ба кӯчаҳои шаҳр намоиш надиҳам.
– Душанбе, ба маълумотатон, пойтахти республика аст,
– гуфт инспектор дар анҷоми сӯҳбат, – ва барои унвони фахрии шаҳри намунавӣ бо Фрунзе, Ашқобод мусобиқа дорад.
Усто Исмоил бошад, мошинро дида гуфт:
– Ҳеҷ воқеа не, ҷӯра. Илоҷи ин бисёр осон.
Як чова карасин оварда, ба теппачаҳои қатрони шах шуда бо латта такрор ба такрор мемолидем то дами нарм шуданаш. Ба қадри мулоим шуданаш қабат-қабат бо латта канда мегирифтем. Рӯз бо ҳамин кор гузашт. Шабона ба ҳаммом рафтем.
Ҳуҷҷатҳои шофериам дар дасти инспектор буд. Мошин дар гараж мехобид.
Рӯзи душанбе усто моро ҷамъ карда гуфт:
– Одам, ки ба як кор даст зад, онро бояд ба сомон расонад. Ман гаража гуфта истодаам. Тол барои иморат, рости гап, матоъ нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо