Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Олим яке аз минтақаҳои Антарктидаро ҳамроҳи шариконаш тадқиқ мекардааст. Баъд аз ҳамкорон ҷудо шуда, ба қутби ҷануб наздиктар рафтааст. Дар яхистони бекасу нопайдоканор хаймаяки худро рост карда, ба кораш идома медодааст.
Аз қазо дарди кӯррӯдааш мегирад, хурӯҷи саввум, ҳамлаи охирин ва феълан марговари ин ранҷ мегирад. Ва ӯ дар ҳолате ки аз таби баланд месӯзаду гоҳ-гоҳе беёд мешавад, худашро худаш ҷарроҳӣ мекунад. Бо кӯмаки оиначаи майдаяк, кордаки тез, як ҷуръа спирт ва сӯзану ресмони оддӣ шиками худро чок карда, кӯррӯдаро бурида мепартояд ва ҷароҳатро медӯзад.
Саидбек ҳатто сурати он олимро надидааст. Дигар чизе дар хусуси вай нашунидааст. Аммо шефтаи мардӣ ва мардонагиаш шудааст. Рост, зиндагониро барои ту як бор ато кардаанд. Барои он ҳар қадар талош кунӣ, меарзад. Дар ин талош бурдборӣ, ҷасорат ва матонат нишон диҳӣ, мезебад.
Дӯсти қаринтаринаш, албатта, Бузург аст. Қиссаҳои бобо аз ҳикоятҳои падар, нақлҳои модар, ҳамдеҳагони куҳансоли бобо дар бадали бисёр солҳо ба ҳам омадаанд. Падар як бор аз ҷавонии падараш нақл кунад, дафъаи дигар воқеаеро аз гузаштаи наздиктар мегуфт. Модар низ ривоятҳо мегуфт.
Вале аз нақлҳои вай бештар рӯзгордории бобо, хислатҳояш, хусусан дасти кушоди ӯ, тӯйи арӯсии модар ва падари Саидбекро ба чи тариқа гузаронидани ӯ ва ба ҳамин монанд рӯйдодҳои «даруни хонагӣ» равшан мешуд.
Он чи ки бо чашми хеш дидааст, ба синни панҷсолагиаш дахл дошт.
Пайкари азими Бузург, ки бар иловаи бузургиаш боз сахт варам карда буд, рӯи хонаи ёздаҳболор ва кошинкории бобо ва модаркалон, дар адл мобайни он хона, дар рӯи бистари баланде мехобид, ки онро гуё аз чил қабат кӯрпаи нарм сохта ва саргаҳашро аз лӯлаву болинҳои зиёде баланд бардоштаанд ва аз паҳлуи чапаш низ ба ҳамин тариқа такя сохтаанд.
Бобо аксаран беҳушу беёд мехобид ва модаркалони сафедчеҳраи сафедмӯй ба даҳони ӯ бо чумчаяк гоҳ атолаи башир ё ҳалилоба мерехт, гоҳе маҳлуле аз кадом як гиёҳи давоӣ.

пешина
аз 248
навбатӣ