Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Варами сандуқи синаи бараҳнаи бобо махсусан баланд ва ваҳмангез буд. Аз қаъри синааш хишшаси гӯшхароше берун омада ва аз даҳлезу айвон гузашта, ба рӯи ҳавлӣ ва ҳатто боғ паҳн мешуд. Ҳама нӯг-нӯги пой роҳ мегаштанд ва бо нимовоз ба ҳам гуфтугӯ мекарданд.
Падари Саидбек сахт ошуфта буд, ки мӯйсафед ба духтурхона бурданашро манъ кардааст. Шахсе ки ҳанӯз чиҳил сол қабл аз ин маҳз аз дасти духтурҳо умри дубора ёфта, пой аз лаби қабр канда буд, чаро ҳоло намегузорад, ки ба табобатхона барандаш? Вай ба ин нуқта сарфаҳм намерафт ва дар айни замон чуръат карда наметавонист, ки бар хилофи раъйи мӯйсафед ӯро аз хона берун баранд. «Ин кори табибон, – гуфтааст мӯйсафед дар кадоме аз лаҳзаҳои ба ёд омадааш. – Шумо хабар диҳед, худашон меоянд. Табибҳо ҳам бисёр давоҳо доранд... »
Ба хонаи бобо дунболи ҳам гоҳ духтурон меомаданд, гоҳ табибон. Дар соатҳое, ки падар набуд, модаркалон муллоҳои азоимхон, фолбинҳои машҳури музофотро ҷеғ мезад.
Бо фармоиши онон гӯсфанди сиёҳи шохдор, мурғи чипори парпо мекуштанд. Ба гӯшаҳои дуру наздик, ба мазорҳо, таги пулҳои сари чӯйборон нӯкчаву чароғҳо меафрӯхтанд. Вале ҳамин ки соати баргаштани падар наздик мерасид, модаркалон аз бими таънаю сарзаниши ӯ дарҳол осори хуни ҷонварони қурбоншударо аз рухсор ва пешонии ҳамсараш пок мекард.
Саидбекро шавқи бозиҳои аҷоиб ба рӯи боғ, ба кӯча, ба пеши ҷӯраҳояш мекашид. Вале ҳатто дар ҳамон айёми беғамӣ ҳам дилбастагии ӯ ба бобои меҳрубон гӯё аз садоқати калонсолона ранг мегирифт ва ӯ баъзан дар айни авҷи чормағзбозӣ нотобии боборо ба ёд оварда, чормағзҳои ғундоштааш ё дар бозии ҳалол аз ҷӯраҳо бурдаашро ногоҳ ба замин рехта, сӯи хона медавид. Ба хона мерасиду аз паҳлударии даҳлез ба нафаскашии ноорому пуршиканҷаи бобо гӯш дода меистод. Сипас ба хона ворид мешуд, аз пайгаҳи бистари ӯ чаҳорзону зада менишаст. Калонсолон ӯро намеронданд, ба омада нишастанаш монеъ намешуданд, фақат ҳангоми иваз кардани рӯйҷои мӯйсафед ӯро бо баҳонае аз хона мебароварданд.

пешина
аз 248
навбатӣ