Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
– дар оташи табаб сӯхта, алоиомез фарёд мекашид Саидбек.
– Дарди туро гирад бобоят, ақлаша хӯрдааст бобои ту Сангинбек! – мегуфт пирамард рӯ ба дигар сӯ гардонида. – Мушт барин кӯдака ҳамин қадар азият дод бобои аҳмақат, – боз мегуфт ӯ оби биниашро ба рӯмоле сахт афшонида.
Қариби бомдод таби Саидбек фаромад. Ва ӯ ҳис кард, ки бобо бо кафи шахшӯлаш тахтапушти ӯро мемолад ва дар хонаи торик ҳамчунон худашро худаш сарзаниш мекунад.
– Обутоб медиҳам гуфта, қариб бачая кушта будӣ, пири гаранг. Ҳа, ҳа, пири гаранг!..
Дар зарфи ду шабонарӯзе, ки дар Ҷом буданд, пои Саидбек сиҳат ёфт. Ва онҳо боз бо ҳамон роҳ, боз ба ҳамон тариқа ба хона баргаштанд. Дар бозгашт Саидбек дигар баробари бобо бардам қадам мезад.
Чаро моҳ аз рӯбарӯяш, аз самти подарозкардааш набаромада, аз тарафи чап тулӯъ кард, аз шарқ неву аз шимол баромад?
Осмони пурситора мисли тасмаи паҳни зарринкӯб менамуд. Саидбек фавҷи ситораҳоро қитъа-қитъа аз назар гузаронида, дар каноре Ҳафтдодаронро дарёфт, ки ҷойгардони сарозер овезон барин менамуд.
Ба вай чӣ шуд? Фаромӯш кардааст, ки ҷои ба ин варта афтодаи вай дар гардишгоҳи наҳр воқеъ гаштааст. Маҳз дар ҳамин ҷо маҷрои наҳр ба рост тоб мехӯрад ва тахмин чаҳоряки фарсах на аз шимол ба ҷануб, балки аз шарқ ба ғарб меравад. Маҳз ҳамин хамгашти танги дарё лоиҳакашонро ба ташвиш андохта, интихоби навъи пояҳо ва ҷои поясозиро мушкил карда буд. Ва аз тарафи дигар, қабули нақшаи Саидбекро дар хусуси сохтани овеза ба ҷои пояҳои муқаррарӣ осонтар гардонида буд.
Ҳа, дуруст, Саидбек пой бар чанубу сар ба шимол афтодааст.
Нахустин бор дар зарфи чанд соати пурзаҳмат ҳис кард, ки лабаш ба табассум моил мешавад. Ба ҳар ҳол содда аст Саидбек. Қариб буд ба гумоне ояд, ки имшаб моҳ роҳи ҳазоронсолаашро тағйир додааст. Ба хотири чӣ? Барои ҳамдардӣ ба вай, ки ба ин вазъи ногувор афтодааст?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё