Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Садои чуғз ҳам дигар ба гӯш намерасад. Ё ба мисли дуздони шабрав ба шикори шабонааш рафтааст, ё ба ҷои дигар. Бад нест агар ба ҷоҳои дигар рафта бошад. Бигузор ба китъаҳо, ба кишварҳои дигар биравад, ба мавҷудоти олам бигӯяд, ки дар талаби афв омадаам, биёмурзедам. Бесуд нахоҳад буд.
Моҳи пурраи шомхӯрда хеле баланд баромадааст. Пас, шаб аз нима гузаштаст. Тоқат кардан лозим. Тоқат кардан метавон. Саидбек метавонад. «Ту, Бек, писари худам» – борҳо гуфтааст бобояш Сангинбек. Ҳеҷ қисса не, рӯз ҳам мерасад, агар касе ба имдодаш наояд, худаш чорае хоҳад ёфт. Мушкиле нест, ки осон нашавад, мард бояд, ки ҳаросон нашавад, гуфтааст шоире ва азбаски хуб гуфтааст, мардумон ин байтро аз вирди мудом ба масал табдил додаанд.
Ана он тарҳи чаҳоргӯшае, ки дар теғаи кӯҳи Арча дар торикӣ ба назараш хонаи вайрона барин менамуд ва ба дилаш ҳузни илова меафканд, акнун дар партави моҳ айнан ба ғарами беда шабоҳат пайдо кард ва ғарами бедаи айёми ошиқиашро ёдрас шуд. Ҳамон хирманеро, ки дар канори деҳаи Нигор дар қарибии говхонаи колхоз воқеъ буд ва чандин маротиба барои ӯ чун паногоҳ, ҳатто боре ҳамчун ҷои мулоқот бо Нигораш хидмат кардааст.
Аз ин андешаҳо дилаш оромид ва ӯ ба худ аҳд кард, ки чун ҳоло ба ҷуз ёдоварии рӯзҳои гузашта дигар шуғле надорад, ҳатман аз бобҳои гуворои умраш ёд хоҳад кард. Зиндагонии бобояш аз ҳамин қабил бобҳост. Ҳатто онро сароғози дафтари умраш метавон донист.


Сангинбек аз устоҳои номии музофоташ буд. Танҳо худ
ба чандин ҳунар мумтоз ва ҳар кадоми онро ба субут расонида буд. Обҷувоз месохт, ҷувози равғанкашии аспӣ ва обӣ
месохт, санги осиёб метарошид. Боз ӯро Сангинбеки шонатарош ҳам мегуфтанд. Лекин шонаи тайёр наметарошид,
балки танаҳои сада, тут ва ё шамшодро аз деҳоти атроф, аз
қишлоқҳои дур харида, дар ҳамон ҷо арра мекарду ба хонааш мекашонид ва баъд ҳар кадом ғӯларо ба садҳо қисмат ҷудо карда, ба шаклу андозаи шонаи урфии дудамаи занона тахтачаҳо метарошид ва ин масолеҳи нимтайёрро соле се ё чаҳор маротиба ба шаҳр оварда, ба шонатарош месупорид.

пешина
аз 248
навбатӣ