Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Рӯзе аз деҳаи ҳамсоя хаста шуда омад. Он рӯз кундаи ҷувоз шинонида буд, ки хотима ва масъулиятноктарин бахши ин кор ба шумор мерафт.
Сангинбек кундаҳоро аз қисми поёни танаи мазбути дарахтони бузург метарошид. Аввал таки кундаро аз решаҳои дарозу дурушташон озод карда, рост ва устувор мегузошт ва дар болояш борхона меканд. Яъне ҳавзакеро, ки зағир ё кунҷидро барои пош нахӯрданаш ҳамроҳи пунбадона ё пахоли нарм мерезанд. Ҳамон ҳавзае, ки гарданаи тири ҷувоз давр зада, равғани зағирро афшурда мебарорад ва кунҷораашро ба шакли танӯраки подарҳаво сахт мекунад.
Сонӣ дар зери борхона равғанхона, ба иборае «камар»
меканд, ки он ҷо ҳам нӯги тир ҷой мегирад, ҳам равғани полоида ғун мешавад.
Бобо ҳамаи ин корҳоро ба як тешаи тези кӯтоҳдастаи дуредгарӣ ва ду навъи искана анҷом медод. Дар кандани хоки ҷувозхона, ки аз сатҳи замин одатан як қади одам поёнтар мешавад, дар тайёр кардани кундахона ва сохтани суфаҳои бормонаки атрофи ҷувоз соҳиби кор, ё ҳашарчиён, ё мардони дигарро кор мефармуд, зеро дар ин маврид ба ҳунари хоса ниёзе набуд.
Инак, ҳамаи корҳо анҷом ёфта буданд ва Сангинбек ба кундашинонӣ омода мешуд. Ҳанӯз дина бегоҳӣ дар хона палави равғани дунба фармуда, муддаои табъ хӯрда буд ва ба қавли худаш, «дами палав ҳоло баланд» буд. Бинобар ин чоштгоҳ фақат бо як коса мосту як дона фатир қаноат кард.
Ҳар гоҳ Сангинбекро кори зӯрталаб ё мураккаб, ё сафари муҳимму мушкиле дар пеш бошад, тоату ибодати одатиашро бо ҳавсалаи том адо менамуд. Вале он рӯз нагузоштанд, ки бо анҷоми намози пешин ба тарзи дилхоҳаш машғул бошад. Ҳанӯз қисмати фарз ба охир нарасида, дар паси девори боғ саворе пайдо шуд, номи ӯро гирифта фарёд кард.
Вай саргарми ибодат буду бо як гӯш мешунид, ки дар атроф чиҳо мешавад. Соҳиби ҳавлӣ гуфт, ки усто ба намоз нишастааст. Савора аз аспаш нафаромад. Аспи тасфида зери дасти савори бетоқат беқаророна пой мекӯфт, шеҳа мекашид, фулузоти зину лаҷомашро ҷарангос занонида, сар меафшонид, дар ҷояш пойкӯбон чарх мезад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё