Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва мардум ба достонсароӣ дар васфи Сангинбек оғоз карданд. Ба ҳақиқати воқеӣ обуранги илова зам мешуд ва он чиз, ки воқеан ҷой дошт, шарҳу тафсири тозае мегирифт:
«Босмачиҳо сар аз танаш қариб ҷудо кардаанд. Лекин азбаски саросема будаанд, шоҳраг бутун монда будааст... »
«Дар тахти пушташ, дар адл миёнаи ду шона изи панҷа будааст. Изи панҷаи Ҳазрати Алӣ мегӯянд... ».
«Духтурҳо шикамашро кушода, рӯдаҳои қима-қимаашро дӯхтаанд. Гурдаашро дида мот шудаанд: ба ҳузур каллаи гӯсола барин будааст...»
«Худаш аз кӯдакӣ зӯр будааст. Модараш зоида натавониста қариб мемурдааст. Аз Пуштаи Рахш гуфтанӣ ҷои бузургвор доя овардаанд»...


– Тасмая ба кокулам бандед дадаҷон.
– Модарат мебандад, Райҳонакам. Бин, ман либосама пӯшидаам.
– Не, шумо бандед, шумо хушрӯ мебандед.
Вай тасмаи абрешиминро бастанӣ мешуд, аммо духтарча дар таки дасташ беист ҷунбида, аз боғча, аз мураббияаш ва ину они дигар ҳикоят мекард. Тасма лағжида гиреҳи бастааш боз мешуд.
Ниҳоят, гиреҳ баста шуд. Шакли вай воқеан ба шукуфаи себ монанд буд. Фақат чандин маротиба калонтар.
– Акнун шумоя оғӯш мекунам, – гуфт Райҳон.
– Майлаш, ҷонакам, оғӯш кун. Ту оғӯш мекунию ман не мегӯям?
– Хам шавед, дадаҷон. Ана, боз ана. Истед, дадаҷон, сахт оғӯш кунам? Са-ахт оғӯш кунам? Ана, боз ана!
Саидбек ҳушёр шуд. Ин хоб набуд, ин воқеа дина пагоҳӣ руй дода буд. Як ҳолати ғанаболуди хаёломезе буд, аз афти кор. Ба ҳар ҳол, ба хоб рафтанаш саҳле мондааст.
Чӣ шуд ба ман? Ҳатто ғанаб рафтан ҳаргиз мумкин нест, гуфт Саидбек ва ба андозае ки шароит имкон медод, чуқур нафас кашид.

пешина
аз 248
навбатӣ