Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Баъди он ки Алексей аз болои поя хам шуда, аз гиребони Саидбек қапид, ӯ ҳис намуд, ки барои ҳаракат дигар мадоре, маҷоле надорад. Лаҳзае дар хаёлаш хаймаи танҳою майдаяки олими қутбшинос дар яхистони беканори Антарктида намудор шуд. Сипас чеҳраи Бузург пеши назараш омад, ки ба ӯ тааҷҷубомез нигоҳ мекард ва гилаомез мепурсид: «Ҳа, Бек, ба ту чӣ шуд? Худатро даст гир, Бек, ту паҳлавонӣ, ту писари худам ҳастӣ... »
Саидбек сари худро сабук афшонида, ҳушу ёдашро ба як нуқта чамъ овард ва чобукона ба оҳани поя часпида, қоматашро рост гирифт.
Фақат баъди фуруд омадан ба замин пай бурд, ки панҷаҳояш хуншоранд. Рӯзи дигар қисме аз нохунҳояш кӯчида, фурӯ афтоданд ва ӯ ду ҳафта бо дастони докапеч ба кор меомад.
Агар ҳамон рӯзи баҳорон кор бо фоҷиа анҷом меёфт, бешубҳа, тафтиш ва пурсуков сар мешуд, намояндаи прокурор омада, ҳамаро аз сӯрохи сӯзан мегузаронид ва оқибат муайян мекард, ки қоидаҳои ҳатмии бехатарии корро, кӣ (ва, эҳтимол, ба чӣ мақсаде?) вайрон кардааст. Дар он сурат, шояд номи Давид Салимич рӯи об мебаромад.
Алексей Новиков ҳамон рӯз то бегоҳ исрор мекард, ки фармони ғайриқонунии Давид Салимичро ҳеҷ набошад ба сардорони иттифоқи касабаашон гӯшрас кардан лозим.
Аммо Саидбек ба маслиҳати рафиқаш надаромад. Аз касе ба касе шикоят бурданро бад медид вай.
Шуввоси дарё дам ба дам оҳанги худро дигар мекунад гӯё. Гоҳо чанд дақиқа ба гулдуроси бардавоми раъди айёми баҳорон мемонад ё ба гумбуроси обшори тавоное, ки аз баландии баланде бар сари харсангҳо мерезад. Гоҳо садои он банохост фурӯ нишаста, ба шарфаи банди шох ё дарзаи най шабоҳат пайдо мекунад, ки касе аз рӯи санглох ё мазраи хушке кашола мекарда бошад.
Не, ин ҳам ба хосияти сомеаи кас марбут аст, бешубҳа.
Вагарна оҳанги дарё ба хотири чӣ тағйир меёфтааст?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё