Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Ба шиддати кори бригадаи поясозон на ҳар кас як мавсими пурра тоб оварда метавонад. Созандагони хатҳои электрро аз аввали баҳор то танги тирамоҳ ба саҳроҳои васеъ – ба он ҷое, ки пахта мекоранд, ё боғу киштзорони доманфарох воқеанд, роҳ намедиҳанд. Дар ин фасл, аксаран дар кӯҳсорон дар ҳавои кушод, гоҳ зери офтобу гоҳ барфу борон кор кардан лозим меояд. Дар бағалаҳои танги шахҳои баланд, дар соҳили ноҳамвори наҳри пурхурӯш, дар пайроҳаҳои пурсанги дараҳои каҷмакаҷ ва тори кӯҳҳои сар ба осмон кашида бо кори дақиқи васлгарӣ машғул шудан, дар як-ду ваҷаб масофа аз партгоҳҳо булдозер ва автомобилҳои гаронҷусса рондан баробари он аст, ки ҳар рӯзи худо дар рӯи дами шамшер бо пои бараҳна қадам занӣ ва бо марги муфоҷот доимо дастбагиребон бошӣ.
Фақат дилбохтагони ин касб, фақат одамони ҳақиқатан душворписанди шердил метавонанд ба шиддати ин касб тоб оваранд. Баъзе беғамон луқма мепартоянд, ки рост, кори шумо осон нест, лекин маошатон ҳам ба ҳамон муносиб аст.
На ҳар кас моҳе то панҷсад-шашсад сӯм маош мегирад,
– Марҳамат, биёед, шумо ҳам моҳонаи калон бигиред, – мегӯянд рафиқони Саидбек. Аммо ҳарифон хуб медонанд, ки ин ҳунари ҳар кас нест. Дар шароити сахт узви бригадаи ҳамакора будан малака, маҳорат ва дониши мукаммал металабад. Аз сардори бригада то охирин узви он бояд ҳамаи ҳунарҳои дар ин қитъа заруриро аз бар карда бошад: ҳам дуредгар бошад, ҳам бетонрез, ҳам кафшергари электру газ, ҳам васлгар, ҳам монтёри бологард ва ҳам идоракунандаи ҳама гуна булдозерҳо, кранҳо, автомобилҳо, компрессорҳо.
Ҳм, баъзе пояҳо бо ҳашт тонна пӯлод қомат рост мекунанд.
Пояҳое ҳастанд, ки навад тонна пӯлод мехӯранд ва барои устувор кардани онон садҳо тонна бетон сарф мешавад.
Дар ҷоҳои махсусан нобоб масофаи байни пояҳо, яъне дарозии овезаи сим то ба ҳаштсад ва ҳатто то ба ҳазор метр мерасад. Масофа ки калон шуд, ғафсии сим низ мутаносибан бояд афзояд. Барои кашидани чунин бори гарони ноҳинҷор дар ҷои фавқулодда ноҳамворе, ки булдозер ё кран барои ҳаракат зиёда аз бист-сӣ метр дигар майдоне надорад, ҳам таҷрибаву ақлу фаросат лозим, ҳам ҷасорат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё