Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Ба замми ин, ҳафтае нест, ки ё аз нарасидани ин ё он навъи сим ё қафасаҳои пӯлодин ё тахтаи барои қолаби таҳкурсию пояҳои бетонӣ, ё аз сабаби мудохилаи роҳбарони мавзеъҳое, ки хатти электр аз он ҷоҳо мегузарад, баҳсе, мунозирае, ҳатто кашокашҳои тӯлонӣ оғоз ёфта, садди роҳ нашавад. Ҳарчанд ки хатҳои электр аз рӯи лоиҳаи пухта сохта мешаванд, ҳарчанд ки лоиҳаҳои калон аз назари мутахассисони Институти марказии лоиҳакашӣ дар Москва ё шӯъбаҳои дар Осиёи Миёна будаи он мегузаранд ва сипас дар байни се тараф – ташкилоти лоиҳасоз, соҳиби кор, яъне соҳиби иншоот ва бинокорони пудратчӣ мувофиқат ва ризоияти тамом меёбанд, боз ба салоҳдиди ташкилотҳои маҳаллӣ низ ҳавола мешаванд. Яъне ки хатти электр аз фалону-фалон ҷоҳо мегузарад, аз болои фалон роҳ, фалон боғ, фалон пул ва фалон санаторий ё хонаи истироҳат сим мекашанд. Дар фалону фалон ҷоҳо чунону чунин пояҳо устувор мешаванд. Оё сохтмони хат ба нақшаҳо ё корҳои шумо халал намерасонад? Илтимос, бо лоиҳа шиносо шавед, то ки рӯзе ба сари мо омада нагӯед, ки пояҳоятонро аз он ҷо бардошта, ҳо ба ана он ҷо кӯчонед.
Ҳарчанд то оғози сохтмон ҳамаи тарафҳо комилан ба созиш меоянд, дар рафти кор боз катор-қатор эроду таклифҳо, ҳатто даъвоҳои ҷанҷолӣ пайдо мешаванд, ки ҳалли онҳо ба зиммаи сардори бригада меафтад.
Дар чунин шароит коргари хуби туро бидуни огоҳӣ, бе ягон маслиҳат гирифта, ба куҷое ба кор фиристанд, магар алам намекунад?
Саидбек сардорро кофта-кофта, аз кабинети котиби ташкилоти партиявӣ дарёфт. Баробари аз дар ворид шудани Саидбек Давид Салимич ба котиб гуфт:
– Нагуфтам, ҳатман давида меояд?
– Ҳа, тозон омадам, – ҳамаи насиҳатҳои рафиқашро аз ёд бурда, бо ҳарорат гуфт Саидбек. – Чаро ошпази бригадаро напурсида мегирӣ?
– Магар сардори қитъа ҳақ надорад? – бо савол ба савол ҷавоб дод Давид.
– Сардор ҳақ дорад. Агар барои хотиррасон кардани сардориат ин корро карда бошӣ, баромада, дар кӯчаҳои шаҳр, дар кӯҳсорон ҷор мезанам, ки ту Сардор!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё