Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳамон воқеаро маҳз ҳамин шахс, ҳамин котиб низ шоҳид буд. Ва имрӯз гувоҳи ҳодисаи дигаре шудааст, ки дар таҷрибаи кордории идораҳои давлатӣ амри маъруф ва маъқул намешуморанд ва бо вуҷуди он ӯ бо осудагии тамом якта аз боғ сухан мекунад, якта аз роғ.
Саидбек эътимоде надошт, ки котиб ба ин мубоҳиса дахл карда, ӯро ҷонибдорӣ хоҳад кард. «Шумо васлгарони номии моед, аз корҳои шумо, шӯҳрати оламгири шумо сарфарозиҳо дорем» мегӯяд. Ин гапҳоро барои он мегӯяд, ки аввалан, табиаташ тақозо мекунад. Сонӣ, мехоҳад ҷони худро ба осонӣ халос кунад. Тақрибан мувофиқи ҳамон ҳикмате ки мегӯяд: «Нони гандум надорӣ, сухани гандумин бигӯ». Ба қавли эшон муаммое набудааст, ки ба хушӣ ҳал карда нашавад. Ва ҳол он ки дурӯғ аст ин гап. Зоҳиран хирадмандона менамояд, мантиқӣ менамояд, аммо, ку, биё, биозмой, насиҳат бихон бар кӯрдиле, ки ба чуз намак рехтан ба оши касон дигар дилхушие надорад, бигӯ, ки хайрхоҳ бояд буд, накӯкор бояд буд, ба қадри ош, ба қадри намак бояд расид.
Бигӯ, боз бигӯ ва умед ба ислоҳи вай баста, домани худатро худат аз чормағзи пуч пур карда гаштан бигир.
Саидбек ба долон баромад. Он ҷо ӯро Алексей пешвоз гирифт.
– Чӣ шуд? – пурсид Новиков.
– Гӯё худат намедонӣ, ки чӣ бояд шавад.
Дақиқае сокит, паҳлӯи ҳам қадам мезаданд. Пас Саидбек пурсид:
– Ту чаро омадӣ?
– Симҳоро пас гардонида овардам. Комплект набудааст.
Ба анбор супорида даркориамонро аз нав интихоб карда гирифтам.
Саидбек ба воқеа сарфаҳм рафт. Он симҳоро дирӯз худаш ба бригада бурда буд. Кор бидуни саҳв намешавад, албатта.
Хусусан дар шароите, ки туро ба майли хотир кор кардан намонанд, ба ҷои кӯмак кардан ҳудаву беҳуда халал расонанд. Саидбек ҳар дафъа санҷида медид, ки оё мудири анбор лавозимоти заруриро мувофиқи супориш додааст ё не, дар интихоби навъҳои сим, болт ва гайкаҳо, изолятор ва ҳалқаҳо оё иштибоҳ накардааст.

пешина
аз 248
навбатӣ