Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба шахсоне ки ба узви партия қабул мешаванд, бешубҳа аз соҳаи дилхоҳ савол додан мумкин, аммо дар асл вазифа фаҳмидани сатҳи маданияти онон, хусусан дониши сиёсӣ ва иҷтимоии онҳо, муайян кардани муносибат ва имконияти онон ба таҳсил ва мутолиаи минбаъда аст.
– Хондан даркор, рафиқ Сангинов, – боз гуфт Давид Салимич бо оҳанги носеҳона, – аз адабиёти илмӣ ва техникӣ бохабар будан шарт.. Алексей қариб ҷаҳида аз ҷой бархосту аз раиси маҷлис иҷозат пурсид, ки ба ӯ сухан диҳад.
– Рафиқон, – гуфт Новиков бо ҳарорат, – агар мабодо саҳв кунам, афв мекунед. Лекин, ба хаёли ман, дар сӯҳбате ки тақдири касе ҳал мешавад, аз мавзӯъ берун баҳс кушодан, нармтар карда гӯем, зарур нест. Таъкид мекунам, ки мулоҳизаи ман хато бошад, мебахшед. Лекин, охир, ҳама медонем, ки Сангинов аз корҳои институти ба номи Патон хуб огоҳ аст. Агар хоҳед, вай аз он ки дар Япония чӣ гуна пояҳои омехтаи маводи фулузию пластикӣ ба кор мебаранд, аз навигариҳои васлгарони Республикаи Демократии Германия маълумоти муфассал дода метавонад. Ҳа, рафиқон, хеле муфассал. Лекин ҳозир гап дар бораи дониши техникии вай намеравад-ку...
– Хуб, хуб, – раиси маҷлис ба мобайн даромад. – Дониши Сангинов ба мо маълум. Лекин аз ин хусус савол додан ҳам мамнӯъ нест. Дигар саволҳо набошанд, таклиф ҳаст, ки ба музокира бигзарем. Шумо, рафиқ Новиков, метавонед оид ба рафиқи ҳамкоратон гап занед.
Пас Алексей аз корҳои Саидбек, аз ихтирооти аҷоиби ӯ нақл кард ва ба ҳозирон арз намуд, ки дар муддати ҳамкориаш бо Саидбек ӯро ҳамчун фарди аз ҳар ҷиҳат сазовори таҳсин шинохтааст ва аз ин ҳол мамнун аст.
Ана ҳамин гуна гуфтугӯе иттифоқ афтода буд дар он маҷлис. Ҳарчанд пас аз баромади Алексей дар ваҷоҳати Давид Салимич заррае дигаргунӣ падидор нагардид, гарчанде ӯ ба сӯи Саидбек ва Алексей ҳамчунон нигоҳҳои пур аз лутфу марҳамат меафканд ва нарм-нарм табассум мекард, бо вуҷуди ин қисме аз рафиқон пай бурда буданд, ки дар муносибати сардор ба собиқ шариктаҳсилаш воқеан нуқтае ҳаст, ки чӣ гуна будани он ва чӣ маъное доштани онро дарёфтан кори саҳле нест.

пешина
аз 248
навбатӣ