Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
– Нони тоҷикӣ гуфта, таъриф карда мехӯрем, лекин, рости гап, намедонем, ки онро аз орди кадом гандум пухтаанд:
гандуми "Данғара, ё дашти қазоқ ва ё саҳроҳои Кубан. Ба ҳар ҳол, нонамон ҳалол аст, ки ширин мерасад. Ту дар ҳамин хусус гап задан мехоҳӣ, Алёша?
– Ҳа, Саид. Дар ҳамин хусус.
– Бигӯ, гӯшам ба ту.
– Бихӯр, охир, ноната.
– Сонӣ. Сонитар мехӯрам.
– Бигӯям, ки чаро ҳозир намехӯрӣ? Чунки аз гулӯят намегузарад. Ман ана дар ҳамин масъала гап заданиам. Лекин миёни гапама набур. Чӣ гуфтӣ?
– Майлат, – хандид Саидбек. – Ин қадар воҳима мекунӣ.
Аз афташ, ягон чизи аҷоиб мегӯӣ.
– Афсӯс ки не.
– Хайр, майлат, сар кун, ҷӯра, муқаддима дароз шуда рафт.
Новиков буридаи нони тар кардаашро батааннӣ хоида фурӯ бурд. Хам шуда, ба ҳар ду кафаш об гирифт, лаҳзае сабр кард, то ки регрезаҳои об таҳшин шавад, баъд онро ҳӯрт кашида ошомид. Боз об гирифта нӯшид ва фақат баъди ҳамин як каф обро ба сару рӯяш пошида, бо панҷаҳои тар мӯи маллаи нармашро «шона» зада, ба гап даромад.
– Гоҳе ки аз бобоят Сангинбек нақл мекардӣ, ваҷду сурур ва фахру ғурури туро дида, дар дилам мегуфтам, ки барои ту ҳамин шахс ғайр аз бисёр азиз буданаш боз як навъ мояи ибрат аст. Чӣ гуфтӣ?
– Аҷдодон ҳамеша мояи ибратанд. Чунон ки таърих дарси ибрат аст.
– Гапа ба дигар тараф набар. Аз рӯи нақлҳоят бобои туро ман ҳам бобои худам барин дӯст доштам.
– Ташаккур, Алёша.
– Воқеан чанд бор илтимос кардам, ки ягон маротиба маро ҳамроҳ бигир. Ваъда медиҳию бас. Нигор ҳам қавл дода буд, ки ҳамроҳ меравем.
– Иди Октябр меравем. Албатта ҳамроҳ меравем.
– Бобоят бо номард муросо намекард. Ман ин хулосаро аз нақлҳои худат баровардаам. Чӣ гуфтӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё