Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Саидбек ҷавоб нагуфт.
– Муросои ту бо ин пес, – ӯ ба самти шаҳр ва идораашон ишорат кард, – ба ман маъқул нест.
– Чӣ, имрӯз ба хотири муросо рафта будам?
– Фаҳмидам, даромада ҷанҷол кардӣ. Аммо бо ин зот ҷанҷол фоида надорад. Аз болои вай ба суд шикоят барӣ, натиҷае намебарояд.
Саидбек ба аломати ризо сар ҷунбонид ва ба маънои «пас чӣ бояд кард?» ба чеҳраи рафиқаш назар дӯхт.
– Гумон мекунӣ, ман медонам, ки чӣ бояд кард? Лекин ман шахсеро медонам, ки ана ҳамин «чӣ бояд»-ро медонад.
Чӣ гуфтӣ?
– Кист он шахс?
– Кӣ мешуд? Гаҳвора.
– Сардори калон? Ту девона шудӣ, Новиков? Вай калонтарини сардорони мо. Вазири республика. Аз рӯи мартабааш. Хезаму ба пеши ҳамин кас биравам, ки сардори қитъаи ман маро бо ҳар роҳ озор медиҳад? Хандаовар намешавад?
– Ҷои ханда нест. Ту розӣ шав, ман ба гардан мегирам он тарафаша. Чӣ гуфтӣ? Вай худаш мана писари ҳамномам мегӯяд. Гуфта будам-ку: бо писараш ҷӯра будем, дар як синф мехондем. Ба хонаашон милён карат рафтаам. Чӣ гуфтӣ?
Саидбек инро медонист. Боз медонист, ки ҳамон ҷӯраи Алексей, писари хурдии Люлька дар дарё ғарқ шуд. Пас аз дафни ӯ Люлька касал шуда буд. Мегуфтанд, ки як рӯз ба кор барояд, рӯзи дигар дар хона менишаст. Ба девор, ба харита нигоҳ карда менишастааст. Табибон ба истироҳати ғайринавбатӣ фиристоданд ва фақат баъди ним сол алами ҳиҷрони сиёҳ андаке пасанда шуд. Рӯзҳои мотами Люлька як пои Алексей дар хонаи вай буд.
Саидбек ҳамчунон ғарқи андеша менишаст. Новиков гап мезад:
– Мову ту ба муросо одат кунем, медонӣ рафта – рафта чанд пула одам мешавем? Муросо бо шарр ба шаъни мард намезебад. Ба чӣ умед моро ба партия қабул карданд? О, гап зан!

пешина
аз 248
навбатӣ