Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

адабӣ истифода мешудагӣ шуд.

Дар "Бадоеъ-ул-вақоеъ"-и З. Восифӣ ин суффикс дар як калимаи рӯзномачӣ ду маротиба истифода шудааст 10.

Ин суффикс, ҳамчун навъе ки дида мешавад, дар насри ибтидои асри XX назар ба давраҳои гузаштаи забони тоҷикӣ серистеъмолтар гашт. Ин суффикс ҳатто аз калимаҳои русӣ низ калимаи нав сохтааст. Суффикси мазкур дар забони адабии ҳозираи тоҷик хеле серистеъмол небошад ва бо исм омада номи шахс месозад, ки он шахсро аз рӯи муносибат доштан ба чизе (предмете), ба амалиёте, машғулият, ё касбе ифода мекунад 11.

Суффикси -чӣ ба маънои аслии калима амалиёти шахсро вобаста намуда, маънои нав ба вуҷуд меоварад:

Тӯбчӣ ҳам аз Теҳрон фиристоданд, ки дар Мозандарон тӯбчӣ набуд (с. 312). Дӯкондору мағозачиҳои он ҷо ағлаб арманӣ, турки бодкуба ва қафқозиву эронӣ аст (с. 25). Дар як ҷо хазиначиҳо пули таҳвил мегиранд (с. 100). Баъдтар ҳамон шаб бо меҳмонхоначӣ ҳисоб кардем, ки сиву ду манот аз банда талаби ӯ шуд (с.
242).

Суффикси -чӣ-ро Садри Зиё дар чунин калимаҳо истифода кардааст: миёнчиён ва муқобирачӣ: миёнчиён ҳар қадар ҳунар, ки дар ин боб доштанд, сарф карданд, суд накард ("Наводири зиёния" с. 89). Уклидус мисли уламои ин замон муқобирачӣ ва мунозирагар нест ("Наводири Зиёния" с. 120).

Дар "Фарҳанги забони тоҷикӣ" калимаи муқобирачӣ дучор нагардид, калимаи миёнчӣ бошад, дар шаклҳои миёнчӣ//миёнчӣ оварда шуда, ба маънои касе, ки дар байни восита шуда ду касро остӣ медиҳад, омадааст.

Дар забони адабии имрӯза ба ҷои ин калимаи архаистӣ калимаи миёнарав кор фармуда мешавад. Дар шеваҳо шаклҳои миёнаравак
-миёнрав низ ба назар мерасанд.

Як қисми калимаҳои русӣ-интернасионалии дар асар истеъмол шуда ба қоидаву қонунҳои забони тоҷикӣ итоат намуда, суффикси
-чӣ-ро қабул кардаанд. Ин типи калимасозиро дар забони адабии он давр нав ҳисобидан мумкин аст: Қадре дар манзили ӯ нишаста будам, ки фойтунчӣ омад (с.12). Ва-ге автӯмӯилчӣ ба муҷарради андохтани автӯмӯбили холиро аз тарси ҷони худ тунд мекунад (с.
298). Ҳар қадар гуфтаи назди коляска нишинад, қабул накарда ҷилави мо паҳлӯи коляскачӣ нишаст (с.49). Адӯди музикончии кизомӣ

пешина
аз 159
навбатӣ