Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

дар як маҳалли махсусе бо чандин даста... (с. 97).

Аз ин мисолҳо ба хулосае омадан мумкин аст, ки истеъмоли ин суффикс дар калимасозии исм дар насри ибтидои асри XX назар ба пештара хеле вусъат пайдо кард. Дар серистеъмол шуда-ни ин суффикс, ки таъсири забони гуфтугӯӣ дар он бештар аст, дар қатори дигар асарҳои насрӣ асари Мирзосироҷ ҳам, бешубҳа, роли калон бозидааст.

  1. Суффикси -гар дар асар танҳо дар ду-се калима дучор гардид. Ин суффикс дар адабиёти классикӣ серистеъмол буда, дар забони адабии ҳозираи тоҷик камистеъмол аст. Дар "Туҳафи аҳли Бухоро" фақат дар калимаҳои коргар ва муомилагар истифода бур-да шудааст, ки барои ифодаи касбу кор, вазъияти иҷтимоии шахс хизмат кардааст: Ағлаб муомилаи онҳо бо туркманҳо ва коргарҳои роҳи оҳани депу мебошад (с. 212). Тоҷиру муомилагари яҳудӣ аз аҳли россия ва аҳли худи Фарғона бисёр ҳастанд (с. 5).

  2. Суффикси -вар ва -вор. Ин суффиксҳо дар асар камистеъ-мол мебошанд. Дар забони адабии ҳозираи тоҷик низ каммаҳсуланд. Нависанда ин суффиксҳоро барои ифодаи амалиёт, машғулият ва миқдор танҳо дар ду ҷумла истифода кардааст: ҳама қисми пароход-ҳои давлатии англис дар ин дарё шиновар буда, иқтидори томе до-ранд (с. 266). Ин панҷ тоифа аз сад то чорсад хонавор ҳастанд (с. 224).

  3. Суффиксҳои -бон, -дон, -сор ва -ваш. Суффикси -бон дар ду калима ва суффикси -дон дар панҷ калима кор фармуда шудааст. Суффикси -бон машғулият ва касбу кор сохтааст: Худамро таҳвили бандибон намуда хати расид гирифта рафтам (с. 143).

Суффикси -дон бо исм омада зарфият сохтааст, дар насри классикӣ ва забони адабии ҳозираи тоҷик ҳам ба ҳамин вазифа истеъмол карда мешавад: Ақсом гулҳои қашанг ба гулдонҳои хитой чидаанд (с. 65).

Суффикси -сор бо исмҳо ҳамроҳ шуда, ҷой ва маконро ифода намудааст: Чашмасору ҷойҳои обдор дар он ҷо бисёр аст (с. 135) Суффиксҳои мазкур дар асар камистеъмол мебошанд. Суффикси -дон дар забони адабии ҳозираи тоҷик назар ба суффиксҳои -бон ва -сор як дараҷа серистеъмолтар аст.

Суффиксҳои -гоҳ, -зор, -истон. Доир ба суффикси -гоҳ Ш. Рустамов чунин навиштааст: "...гоҳ аслан калимаи мустақилнав-но буда, дар процесси инкишофи таърихи забон ба гурӯҳи морфемаҳо

пешина
аз 159
навбатӣ