Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳасад мебарад, ки чаро Осиёи Миёна ин қадар аз илму маданият қафо мондааст. Нависанда аз сафари якуми худ чунин хулоса мебарорад, ки деҳқонони Осиёи Миёна ба гармию сардии боду ҳаво нигоҳ накарда, шабу рӯз меҳнат мекунанд ва бо азобу машаққати зиёд маҳсулоти ба даст овардаи худро бо чизҳои ноарзандаи Аврупо иваз мекунанд. "Наход, ки докаи англисӣ ва қоғази амрикой ба ҳамин боигарии мо арзад".

Сафарҳои ӯ ҷаҳонбинии ин марди равшанфикрро васеъ намуда, ба ӯ имконияти муқоиса кардан додааст. Мирзосироҷ Бухорои амири тираву торро бо он мамлакатҳо муқоиса намуда, то чӣ андоза ақиб мондани онро қайд мекунад. Ӯ ин ақибмониро, пеш аз ҳама, ба нодонӣ, нофаҳмӣ ва бесаводии омма вобаста карда мегӯяд:
Ҷаҳлу нодонӣ бубин, акнун аз он авчу камол,
Бар замин андохт морову намудаст поймол.
Рафт аз каф илму фазлу донишу иқболу мол,
Мондаем акнун парешону забуну гунгу лол.
Орзуҳо ҷумлагӣ гашта ба маҳсӣ бадал,
Дода селоби ҷаҳолат бар бинои мо халал.

Мирзосироҷ сабаби ақибмонии Бухороро танҳо дар ғафлат ва бесаводӣ мебинад. Аммо решаҳои асосии сабаби бесаводии халқро муайян карда наметавонист:
Боиси ин дарди бедармон намедонам кӣ шуд?
Сояи ин ҷумлагӣ нуқсон намедонам кӣ шуд?
Ҳодисоти ин роҳи бепоён намедонам кӣ шуд?
Муқтадои ин ҳама нодонӣ намедонам кӣ шуд?
Рост гӯем, боиси ин ҷумла касрон ғафлат аст,
Ин қадар паст мондани ин қавми нодон ғафлат аст.

Ӯ дар ҳар қадам медид, ки Бухорояш аз Россия ва Аврупо ба таври даҳшатовар қафо мондааст. Аз ин рӯ, аз ҷаҳолатпарастии ҳукуматдорони Бухоро ба дод омада менависад:
Оҳ, аз дасти ҷаҳолат, дод аз идбори бахт,
Зиндагӣ бар мо бад-ин ҳолат бувад бисёр сахт.

Тараққиёти шаҳру мамлакатҳо нависандаро гоҳ шод ва гоҳе ғамгину афсурдахотир мекард. Вай аз он хурсанд мешуд, ки дар натиҷаи сафар ба маданияту зисту зиндагонии ин халқҳо шинос гардид, ғамгин аз он мешуд, ки чаро мардуми Бухоро чун аврупоиён бомаърифат нестанд? Чаро Аврупо ин қадар тараққӣ кардаас-ту Бухоро рӯ ба таназзул овардааст? Чаро дар Россия ва Аврупо

пешина
аз 159
навбатӣ