Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
аз як соли аз касб, ба зами он пеши як нафар муаллими русидон шурӯъ ба хондан ва навиштани забони русӣ намуда, дар муддати шаш моҳ хондан ва навиштани хати русиро балад шудам. Ҷузъе муҳовара ҳам пайдо намудам. Пас аз он, дар яке аз мактабҳои русӣ, ки тоза дар Бухоро мафтуҳ шуд, дохил шуда, як сол таҳсили лисон, риёзӣ, ҷуғрофӣ намудам. Ағлаби шабҳо дарс мегирифтам ва бар аксари рӯзномаҳои русӣ ва туркӣ обуна (муштарӣ) гардида, туркиро ҳам хуб балад шудам. Ва ба қадри шаш моҳи дигар дар назди як нафар муаллими фарансадон хату саводи фарансаро бо ҷузъе луғат таҳсил намудам. Ин илмро ҳам қадре ба даст даровардам, вале такаллум кардани фарансаро қодир нашудам ва гоҳе шеъри фарсӣ ҳам машқ мекардам. Рафта-рафта бад шоире ҳам нашудам. Ҳолия ҳам гоҳе шеъри мегӯям. Баъд қариби як сол пеши як нафар аз мударрисҳои Бухоро сарфу наҳв ва қадре фиқҳа ҳам ба забони арабӣ таламмуз намудам, ҷузъе мутолиаи арабӣ баровардам...».
Мирзосироҷ аз овони ҷавонӣ ба омӯхтани илмҳои гуногуни замонавӣ кӯшида, дар синни 13-14 солагӣ забонҳои русӣ, арабӣ, туркӣ ва қисман фаронсавиро аз худ намудааст. Хусусан, ба туфайли обуна будан ба газетаю журналҳои русӣ забони русиро ба хубӣ меомӯзад. Падари нависанда барои соҳиби илм шудани фарзандаш кӯшишҳои зиёде кардааст. Пас аз хатми таҳсили ибтидоӣ Мирзосироҷ талабаи мадраса мегардад. Баъди таҳсили мадраса ӯ азми сафар кардааст. Мақсади сафари нависанда ба тарзи зиндагӣ, урфу одат ва илму адабиёти халқҳои гуногун аз наздик шинос шудан буд.
Мирзосироҷ аввалан шаҳрҳои Осиёи Миёна: Самарқанд, Маргелон, Тошқанд, Қӯқанд ва Авлиёотаро саёҳат намуда, ба ҳаёти мардуми ин шаҳрҳо шинос мешавад. Ӯ аз соли 1902 сар карда, то соли 1909 се маротиба ба Россия, Берлин, Париж, Австрия, Эрону Афғонистон сафар мекунад.
Нависанда 2 июли соли 1902 аз Бухоро ба Красноводск, аз он ҷо ба Боку ва аз Боку ба Туркия рафта, 25 рӯз сайру гашт меку-над. Пас ба Пруссия ва Берлин меравад. Нависанда университет ва мактабҳои Берлинро бо ҳиссиёти зӯр тасвир намуда, онҳоро бо мактабҳои Бухоро муқоиса менамояд. Баъди чанд вақт ба шаҳри Париж меояд. Мирзосироҷ ба маданият ва санъати Аврупо аз наз-дик шинос шуда, тараққии онҳоро натиҷаи тараққии илму фан ҳисобида

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё