Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

117 ҷилави ин бор аст (с.270). манзилҳои ... аъёни ва тиҷоратии хеле хуб бисёр аст (с.27). давлати рус давлати усмониро тасар-руф намуда... хеле обод ва маъмур намудаанд (с.31). Ағлаби он бениҳоят хуб ва дилкаш аст (с.250). ЯК Ҳаммоми босафое дар зери кӯҳ наздикии чашмаи маъдан сохтаанд, ки ниҳоят босафо ва маъмур аст (с.29).

Дар забони тоҷикӣ тарзҳои ифодаи дараҷаи каму беш ва зиё-дии сифат ба воситаи суффиксҳо, калимаҳои хос ва такрори калимаҳо сохта мешаванд.

Сифатҳои таъкидии типи суп-сурх, сап-сафед, заб-зард, сип-сиёҳ, инчунин ифодаи камии сифат бо суффикси -ча ва -тоб ва мо-нанди инҳо дар Асар кор фармуда нашудаанд, чунки ба забони ада-би дохил шудани сифатҳои мазкур асосан пас аз революция сар шу-дааст. Сифатҳои таъкидий дар забони Асарҳои пешазреволютсионӣ (ғайр аз осори ҳайрат) дучор нешаванд. Гуфтан мумкин аст, ки аввалин бор устод Айнӣ аз шеваҳо калимаҳои таъкидии суп-сурх, заб-зард ва ғайраро ба забони адабӣ ба воситаи Асарҳои худ до-хил кард"18.

Ш У М О Р А

Шимораҳом дар Асар буда миқдор ва тартиби предметҳоро бо адад ифода намуда, асосан бо шумораҳои забони адабии имрӯза ҳам аз рӯи шакл ва ҳам тарзи ифода мувофиқат доранд.

Нависанда ба нормаи забони адабии давр такьяз намуда, чун анъанаи мавҷудаи забон шумораҳоро истифода кардааст. Дар забони Асар шумораҳои миқдории ва тартибӣ мувофиқи ифода аз қоидаи ис-теъмоли шумораҳои забони адабии имрӯза фарқ надоранд. Ғайре шу-мораҳои миқдорӣ тафовути шаклӣ доранд. Масалан, шумораи чор дар ду шакл - чор ва чаҳор, шумораи чия дар шакли чиҳил ва шумораи дусад дар шакли дувист ва дусад дучор мешаванд.

Шумораи миқдории асли пеш аз предметҳои шумурдашуда омада, миқдори предметҳоро бо ададҳои том исфаҳмонад: Қариб ду ҳафта интизор шудем (о.337). Аз фойтун ва савора сад пора, аз пиёда даҳ пора (ду хопек) пул дарёфт мекунанд (с.35).

Хусусияти фарқкунандаи забони «Туҳафи аҳли Бухоро» аз забони адабии имрӯза дар истеъмоли шумораҳои миқдории кӯрур ва лак, ки онҳоро шумораҳои қадимии ҳисоб анд, мушоҳида карда мешавад. Бояд қайд кунем, ки ин ду шумора дар асарҳои Садри Зиё ва Ғитрат

пешина
аз 159
навбатӣ