Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
дучор нагардид. Мирзосироҷ шумораи курур ва лакро ҳамчун ифодакунандаи миқдор истифода намудааст: дар иморати ҳар яке он курурҳо харҷ шудааст (с.70); иморати салотини қадим хеле аст, ки курурҳо масрифи харҷи он шуда (с.290).
Калимаи курур дар "Фарҳанги забони тоҷикӣ" панҷсад ҳазор нишон дода шудааст. Аҳмади Дониш ҳам ин калимаро ба вазифаи шумора овардааст:
Агар ин замин дар хитtai тасарруфи ин давлат дарояд, миқдори як курур дар нуфуси аскари ҷаррор... мулҳақ мегардад (Аҳмади Дониш, "Наводир-ул-вақоеъ", с.69).
А. Дониш калимаи курурро бо шумораи як истифода карда ба воситаи он миқдори панҷсад ҳазорро аниқ нишон медиҳад. Дар асари Мирзосироҷи Ҳаким бошад, ин калима суффикси ҷамъбандии қабул кардааст ва миқдораи панҷсад ҳазори муайян набуда, чанд панҷсад ҳазорро ифода мекунад.
Шумораи лак ҳам дар асар миқдорро ифода мекунад ва баъзан пеш аз ин калима шумораи аслӣ, гоҳо пас аз он шумораи миқдорӣ оварда мешавад: ду лак, як лаку чиҳил ҳазор.
Калимаи лак дар "Ғиёс-ул-луғот" ва "Фарҳанги забони тоҷикӣ" ба маънии ифодакунандаи сад ҳазор тафсир шудааст.
Агар аз ин нуқтаи назар ба мисолҳои "Туҳафи аҳли Бухоро" назар намоем, дар он сурат мебинем, ки шумораи лак ба маънии сад ҳазор истифода шуда дар дохили шумораҳои таркибӣ бисёр дида мешавад: Баъд аз си ҳазор манот, ки ду лак сиккаи Бухоро бошад, зиёд карданд (с.194). Мавоҷиби ин як лаку чиҳил ҳазор қӯшуни савораву пиёда ва тӯпчиро ба қадри каффоф ... (с.273). Ин калимаи шумораро муаллифи "Таърихи ҳумоюн" ҳам кор мефармояд. Муҳаммад Содиқи Гулшанӣ калимаи лакро ба вазифаи шумора оварда бошад ҳам, вале шумораи курурро истифода набурдааст: як лаку ҳалтод ҳазор нуфусро дорост (с.5). Аҳолии аслии он ду лаку панҷоҳ ҳазор нуфусро дорост (с.6).
Баъзан шумораи лак бидуни шумораҳои дигари миқдорӣ ҳам истифода мешавад: лаку панҷоҳ ҳазор (с.10).
Шумораҳои мазкур дар забони адабии имрӯза ҳамчун калимаҳои қадимаи архаистӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд.
Мирзосироҷ аввалин бор аз забони русӣ шумораи миллионро ба забони асараш дохил кардааст:
Як милийун сӯйим русӣ, ки ҳафтод лак тангаи Бухоро камтар мешавад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё