Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ҷонишини эшон мушоҳида карда мешавад. Ҷонишини мазкур дар асарҳои насрӣ ва назмии пешина серистеъмол буд. Ин ҷонишин бо шакли умумии худ - онҳо баробар истеъмол мешуд.

Дар забони адабии ибтидои асри XX ҷонишини эшон оҳиста-оҳиста мавқеъ ва вазифаи худро дигар намуд. Калимаи мазкур шакли худро тағйир надода, вазифаи грамматикиашро иваз кард. Ин ҳодиса яку якбора ба амал наомадааст. Қонуни тараққиёти забони адабии тасдиқ мекунад, ки баъзе калимаҳо дар муддати тараққиёти ҳазорсолаи худ, оҳиста-оҳиста аз ҷиҳати фонетикӣ ва лексикӣ ба тағйирот дучор мешаванд, маъноҳои нав мегиранд, вазифаи худро дигар мекунанд. Айнан ҷонишини шахси сеюми ҷамъ эшон ҳам дар ибтидои асри XX ба ҳамин ҳолат дучор гардидааст.

Пас, саволе ба миён меояд, ки чаро дар ибтидои асри XX калимаи эшон ҳамчун ҷонишин камистеъмол гаштааст? Маълум, ки калимаи эшон дар забони адабии ҳозира асосан мафҳуми диниро дорост. То аввалҳои асри XX ин калима чун ҷонишин фарсвон кор фармуда мешуд. Маънои нави ин калима баъдтар пайдо шуд. Дар ибтидои асри XX маънои динии он қувват гирифт. Дар шева ва лаҳҷаҳо он шахсро эшон меномиданд, ки ба корҳои динӣ сару кор дошта бошад. Ғайр аз ин, дар баъзе шеваҳо эшон на ҷонишин, балки ҳамчун одами диндор истифода карда мешавад. Дар шеваҳои шимолӣ калимаи эшон ҳамеша ба маънои шахси диндор кор фармуда мешавад. Ба ҷои маънои ҷонишинии эшон ҷонишинҳои онҳо, унҳо, ононро кор мефармоянд. Ҳамин тавр, маънои дуюми ин калима ғолиб баромада, маънои якумро аз байн бардоштааст. Мирзосироҷи Ҳаким калимаи эшонро дар асараш ба вазифаи ҷонишин танҳо як маротиба кор фармудааст. Дар мисоли зер ҷонишини мазкур ҳам маънои ҷамъ ва ҳам маънои эҳтиромиро додааст:

Баъд аз расидан ба Вена дар ҷустуҷӯ афтода он рӯз, ки аз бори ваҳй баргаштам, шахсе омада сурор дод, ки эшон дар Вена ташриф доранд (с. 68). Дар ин ҷумла ҷонишини эшонро ба ҷонишини он кас иваз намоем, ба маъмуни он халал намерасад. Ҳамин тавр, дар забони адабии аввали асри XX шакли эшон мавқеъ ва аҳамияти пешинаи худро гум кардан гирифт. Дар забони матбуот ва асарҳои насрӣ торафт камтар истеъмол карда мешавад. Устод С. Айнӣ ҳам ҷонишини эшонро дар "Таҳзиб-ус-сибён" танҳо дар як маврид кор фармудааст. Дар "Наводири Зиёия" калимаи эшон ба вазифаи ҷонишин дар ду ҷой кор фармуда шудааст: Ба ҳавлии эшон баранд (с.

пешина
аз 159
навбатӣ